Иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои АБ ИДМ
23 Октябр 2020, ҶумъаРӯзҳои 22-23 октябри соли 2020 дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Санкт-Петербург, Қасри Таврический) як қатор чорабиниҳо баргузор гардид, ки дар онҳо вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи видеоконфронс иштироки фаъолона намуданд.
Аз ҷумла муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар кори ҷаласаи форуми байналмилаллии ҳизбӣ, ки таҳти унвони «ШОС+» дар мавзӯи "Иқтисодиёт барои инсонҳо» баргузор гардид иштирок ва суханронӣ намуд.
Дилрабо Мансурӣ дар мавзӯи "Самаранокии энергия ҳамчун омили муҳими таъмини «иқтисоди сабз» дар Тоҷикистон» баромад намуда, иброз намуд, ки видеоконфронси имрӯза як равиши нави консептуалӣ оид ба таҷдиди саҳми ҷонибҳо дар индустрикунонии минтақа тавассути механизмҳои муаррифии иқтисод барои мардум ва гузариш ба тартиби нави технологӣ мебошад.
Созмони Ҳамкории Шанхай барои ҳамкориҳои васеи байналмилалӣ кушода буд ва бояд боқӣ монад. Мо яке аз ҳадафҳои асосии СҲШ-ро дар пешбурди рушди устувори иқтисодӣ ва мунтазам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебинем. Аз ин ҷиҳат, СҲШ як қатор афзалиятҳо дорад.
Фазои васеи иқтисодӣ, захираҳои бузурги табиӣ ва инсонӣ, мукаммали иқтисодиёт, сатҳи баланди маърифатӣ ва илмӣ-техникии аҳолӣ - ҳамаи ин бояд барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо пурра истифода шавад,-афзуд зимни сханронии худ Дилрабо Мансурӣ.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода дар кори ҷаласаи Шӯрои экспертӣ оид ба тандурустии Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона иштирок намуд. Иштирокчиёни ин ҷаласа дар рӯзномаи кории худ масъалаҳои «Фаъолияти ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар барои кумак ба аҳолии осебпазир дар рафъи пандемияи Ковид-19 дар минтақаи Аврупо" ва "Рушди иқтисоди кишварҳои ИДМ дар шароити пандемияи COVID-19" ва дигар масоили муҳими рӯзро мавриди муҳокима қарор доданд.


Дар видео-конференсияҳо дар баробари масъалаҳои рӯзнома вакилон ҳамчунин ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва дигар вижагиҳои пешбурди кор дар сохторҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор доданд.



