Дар шаҳри Санкт-Петербрг проблемаҳои амнияти иқтисодии кишварҳои Иттиҳод баррасӣ шуданд
29 Октябр 2020, ПанҷшанбеДар Қасри Таврический, қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мстақил , ҷаласаи Шӯрои экспертӣ оид ба иқтисод дар назди АБ ИДМ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар чорабинӣ узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, доктори илмҳои иқтисод Рустам Раҳматзода, инчунин олимон ва коршиносон, намояндагони институтҳои иқтисодии академияҳои миллии илмҳо, донишгоҳҳои пешрафтаи махсуси кишварҳои Иттиҳод, кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ташкилотхо иштирок намуданд.
Иштирокчиёни ин чорабини масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика ва фарҳангро мавриди баҳрабардори қарор доданд.
Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон