Ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетики набототи корам таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад

02 Ноябр 2020, Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» таъкид гардид, ки тибқи тағироти пешниҳодгардида дар лоиҳаи Қонуни мазкур мукаммалгардонии моддаҳои 2, 3,  5,  6, 25, 28, 30, 32 ва 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ» бо роҳи илова ва дар таҳрири нав ифода намудани сархатҳо ва қисмҳои махсус ба нақша гирифта шудааст.
Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида ба муқаддима,  моддаи 2 Қонунии амалкунанда сархатҳои якум, понздаҳ ва шонздаҳум, ки фарогирӣ мафҳумҳо оид ба «маҳсулоти хўрокворӣ», «регламенти техникӣ», «коркарди маҳсулоти хўрокворӣ» ва «Принсипҳои асосии бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ » мебошанд дар таҳрири нав  баён карда шуда, ҳамзамон ба моддаҳои мазкур сархатҳои нав яъне сархати понздаҳум ва шонздаҳум бо мазмуни «регламенти техникӣ» ва «коркарди маҳсулоти ҳурокворӣ» илова карда шудааст, ки он танзимкунандаи  риояи ҳатмии  амалӣ намудани муносибатҳои бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ  бо мақсади  ҳифзи  ҳаёту саломатии инсон ва наслҳои оянда мебошад.
Тағйироти пешбининамудаи қисмҳои 3, 5, 8 ва 9 лоиҳа хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, бо мақсади бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо назардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо ва мутобиқгардонии меъёрҳои моддаҳои зикргардида ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона карда шудаанд.
Инчунин дар қисмҳои 5, 6, 7 ва 10  лоиҳаи  Қонуни мазкур бо мақсади мукаммал гардонидани моддаи 2 Қонуни амалкунанда сархат ва қисмҳои нав илова карда шудааст, ки тибқи он бехатарии маҳсулот, раванди коркарди он, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, хизматрасонӣ, инчунин коркарди ҳароратӣ тибқи талаботи муқаррарнамудани санади меъёри техникӣ ва риояи ҳатмии он ба  танзим дароварда шудааст.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин иброз гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам» бо мақсади аз байн бурдани ихтилофотҳои ҷойдошта дар Қонуни зикргардида, мушаххасу саҳеҳ гардонидани як қатор меъёрҳои ҳуқуқӣ ва истилоҳу ибораҳо тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум санаи 17 марти соли 2020 баён гардиданд,пешниҳод мегардад.
Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида мазмуни матни Қонуни амалкунандаро саҳеҳ мегардонанд. Ба Қонун моддаи 71 -ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетики набототи корамдар соҳа илова карда шудааст.
Дар лоиҳаи Қонун мафҳумҳои иловашудаи«набототи корам» ва «корҳои ҷустуҷўии биологӣ» мазмуну матни Қонунро саҳеҳ гардонида, мафҳумҳои «генофонди набототи корам», «навъҳои қадимаи анъанавии маҳаллӣ», «системаи агроэкологӣ», «коллексияи захираҳои генетикии набототи корам» ва «коллексияи миллии захираҳои генетикии набототи корам» барои мушаххас намудани истилоҳу ибораҳо дар таҳрири нав ифода карда шудаанд.
Иловаҳо ба моддаҳои 8 ва 9 матни онҳоро мушаххас менамоянд. Номи моддаи 13 ба мазмуни матни он мутобиқ гардонида шудааст.
Дар лоиҳаи Қонун истилоҳу ибораҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳрир ва мухолифату норасоиҳои ҷойдошта бартараф карда шудаанд.Бо назардошти ворид намудани мафҳуму ибораҳои нав матни Қонуни амалкунанда такмил дода шудааст.
Дар анҷоми кори ҷаласаи Шӯро аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардидаи рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Илова кунед