Конститутсия - бахтномаи миллат аст

03 Ноябр 2020, Сешанбе

Имрӯз бахшида ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода конференсияи илми-амалӣ дар мавзӯи «Конститутсия – Бахтномаи миллат аст» баргузор гардид.
Дар конференсия Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баромад намуда, ҳозиринро ба солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Ҳамзамон номбурда қайд кард, ки «қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, нақшҳои он ҳамчун роҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа асрҳои аср хидмат хоҳад кард».

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар натиҷаи талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 сол муқаддам, яъне 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабули санади волои миллии худро амалӣ намуд.
Тавассути ин дастоварди олӣ, Тоҷикистони азизу маҳбубамон барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошт ва ин санад дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки «мардуми соҳибтамаддуни тоҷик бо ибтикори Пешвои муаззами худ воқеан сазовори чунин Конститутсияи ифодакунандаи ҳама гуна нияту амалҳои поки миллат ва давлатӣ воқеъан соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гардид.


Бояд иброз намоям, ки рамзу нишони давлатӣ ва дигар муқаррароти Конститусияи Тоҷикистони азиз барои ҳамаи мо тоҷику тоҷикистониён мояи ифтихор ва муқаддас аст».
Ҳамчунин дар назди ҳозирин Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикаистон: таҳия ва қабули он», Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода Абдураҳим дар мавзӯи «Конститутсия: масъалаҳои озодии шахсӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ дар Тоҷикистон», Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ дар мавзӯи «Конститутсия ва рушди гуманизм, таҳкими ҳимояи ҳуқуқи инсон» ва Раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Муртазозода Ҷамшед дар мавзӯи «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.
Ҳамзамон миёни иштирокчиён ва маърӯзагарон перомуни арзишҳои маънавию сиёсӣ ва бунёдии Конститутсия саволу ҷавоб доир гардид.
 

Илова кунед