Муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид
05 Ноябр 2020, ПанҷшанбеИмрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Агентии суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» дар 9 моҳи соли 2020» баргузор гардид.
Дар назди ҳозирин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баромад намуда иброз намуд, ки ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст».

Баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ дар татбиқи сиёсати буҷети давлатӣ масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад ва дар доираи стратегияи ягонаи идоракунии молиявӣ натиҷагирии ҳадафмандонаи захираҳои буҷетӣ масъалаи асосӣ маҳсуб меёбад.
Маҳз ҳамин масъала таваҷҷуҳи рӯзафзуни намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла намояндагони халқро ба масъалаи қабул ва иҷроиши буҷети давлатӣ ифода менамояд.
Мақсади асосии баргузории ҷаласаи имрӯза аз он иборат аст, ки дар баробари дар сатҳи муайян иҷро нагардидани буҷети давлатӣ, камбудӣ ва норасогиҳо, инчунин сабабу омолҳое, ки садди роҳи иҷроиши сифатноки буҷети давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ гардидаанд, баррасӣ гардида, роҳҳои бартараф намудани онҳо муайян карда мешаванд.
Баррасии масъалаи мазкур пеш аз ҳама барои ислоҳи камбудию норасоиҳои дар иҷроиши буҷети соли ҷорӣ ҷойдошта мусоидат менамояд.

вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Завқӣ Аминзода, Раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳамадзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло баромад намуданд.
Тибқи нақшаи чорабини миёни вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарияти вазорату кумитаҳои дахлдори кишвар саволу ҷавоб ва музокираҳо сурат гирифт.
Муҳокимаи парлумониро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷамъбаст намуда, таъкид намуд, ки дар баробари таҳдиди буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ ба рушди иқтисоди миллии кишвар ва бо назардошти шароити таъсири пандемияи бемории сироятии СOVID-19 механизми муайяни таъсиррасонӣ вобаста ба онҳо амалӣ мегардад.

Ҳамзамон маблаѓҳои Буҷети давлатӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ҳадафмандона истифода бурда намешаванд.
Итминони комил дорем, ки муҳокимаи парламентии имрӯза ва қабули тавсияҳо ба иҷрои сифатноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» мусоидат менамояд.
Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ мутобиқи банди 277 боби 8 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаи муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» дар 9 моҳи соли 2020» бо назардошти таклифу эродҳое, ки дар маърӯзаву баромадҳо қайд гардиданд, тавсияҳои муҳокимаи парлумони қабул карда шуд.

