Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт

10 Ноябр 2020, Сешанбе

Имрӯз ҷаласаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ,  оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва оид ба энергетика, саноат, сохтумон ва коммуникатсия бо иштироки роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори кишварамон баргузор гардид.

Дар ҷаласа танҳо як масъала- лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021»  ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 мавриди баррасии вакилони Маҷлиси намояндагон қарор гирифт.
Дар ҷаласаҳои кумитаҳо таъкид гардид, ки ҳадафи олии рушди  Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад.
Дар ин замина иҷрои босифати Буҷети давлатӣ яке аз афзалиятҳои асосии мақомотҳои дахлдор ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ дар татбиқи сиёсати буҷети давлатӣ масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад ва дар доираи стратегияи ягонаи идоракунии молиявӣ натиҷагирии ҳадафмандонаи захираҳои буҷетӣ масъалаи асосӣ маҳсуб меёбад.





Илова кунед