Буҷети давлатӣ барои соли 2021 аз афзалиятҳое, ки аз Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ба инобат гирифта шудааст.

12 Ноябр 2020, Панҷшанбе

Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори кишварамон ҷаласаи васеи кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия баргузор гардид.
Дар ҷаласа  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021»  ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 мавриди баррасии вакилони Маҷлиси намояндагон қарор гирифт.
Дар назди ҳозирин вакилони Маҷлиси намояндагон Машраб Файзуллоев ва Ғиёсиддин Ашуров баромад намуда, иброз намуданд, ки дар таҳияи Буҷети давлатӣ пеш аз ҳам афзалиятҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳо ҳангоми вохӯриҳо бармеояд,ба инобат гирифта шудааст.
Самтҳои ба ҳисобгирии даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки воридоти андозӣ, ғайриандозӣ ва грантҳоро ба танзим медароранд, ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамасола Буҷети давлатӣ дар доираи нишондиҳандаҳо, ҳадаф ва афзалиятҳои асосӣ, стратегия, барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди воқеии иқтисодиёти миллӣ ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ мегардад.
Нишондиҳандаҳои лоиҳаи Буҷети давлатӣ бо роҳи баланд бардоштани маъмурикунонии андоз, васеъ намудани заминаи андозбандӣ, таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ва ташкил намудани ҷойҳои кории нав асоснок карда шудааст.
Ҷиҳати таҳлилу баррасии ҳамаҷонибаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва дурнамои  нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 гурӯҳи корӣ аз рӯи нақшаи тасдиқшуда, лоиҳаи Қонуни мазкурро бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон) дар алоҳидагӣ дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва дар рафти муҳокимаҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволу дархостҳои худ ҷавоб гирифтанд.



 

Илова кунед