Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори ҷаласаи Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) иштирок намуданд

12 Ноябр 2020, Панҷшанбе

12.11.2020. Имрӯз дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия ҷаласаи    навбатии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД)  ба таври реҷаи фосилавӣ (видиоконференсия) баргузор гашт, ки дар кори он вакилони Маҷлиси намояндагон, узви комиссияи мазкур-Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустами Шоҳмурод, вакилон Сарвиноз Маҷидова, Мавлудахон Мирзозода ва Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ширкат варзиданд.
Дар рафти ҷаласа, ки таҳти раӣёсати Раиси комиссияи доимии Ассамблеяи Парламентии  Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният Анатолий Виборний баргузор гардид, вакилони парлумонҳои кишварҳои узви СААД доираи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.
Аз ҷумла дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур  масъалаҳо- «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи ғайринавбатии комиссияҳои Ассамблеяи Парлумонии СААД», «Лоиҳаи Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД барои солҳои 2021-2025» ва  "Дар бораи ворид намудани тағӣирот ба Низомномаи муваққатӣ оид ба Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (аз 30 марти соли 2007, бо иловаҳои минбаъда) мавриди баррасии ҳамаҷонибаи аъзои ҷаласа қарор гирифт.
Дар назди иштирокчиёни ҷаласаи мазкур Раиси комиссияи доимии Ассамблеяи Парламентии  Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният Анатолий Виборний, Раиси комиссияи доимии Ассамблеяи Парламентии  Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоию-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ Игор Лавриненко ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустами Шоҳмурод баромад намуда, иброз намуданд, ки баргузории ҷаласаи мазкур далели равшани ҳамкориҳои байни давлатҳои аъзои СААД  мебошад, ки ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон мебошад.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин таъкид карда шуд, ки дар ҷаҳони имрӯзаи муосир  хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ афзун гардида, тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзои созмонро дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуби аср дар ҳамбастагӣ тақозо менамояд.
Дар интиҳои ҷаласа нақша чорабиниҳои бастаи санадҳои нав ба имзо расид, ки он барои баррасӣ зимни ҷаласаи дар пешистодаи Шӯрои  Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ пешниҳод гардид.

Илова кунед