Бо назардошти талаботи бозори меҳнат мутахассисон омода мешаванд

16 Ноябр 2020, Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ» таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳо бо агенту токсинҳои биологии назоратшаванда ва такмили системаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ, ҳифзи саломати иинсон, ҳайвонот, растаниву муҳити зист, амалӣ намудани уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манъи силоҳи биологӣ ва токсинӣ таҳия шудааст.
Лоиҳа Қонун аз 5 боб ва 22 модда иборат мебошад.Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва матни лоиҳаи Қонун бо риояи услуби расмии забони адабӣ такмил дода шуда аст.
Аъзои Шӯро ҳамчунин зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» ёдовар шуданд, ки санади мазкур бо мақсади тайёр намудани мутахассисон ҷиҳати қонеъ намудани талаботи бозори меҳнат бо мутахассисони босалоҳият дар иртибот бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатӣ табдил додани мамлакат ва татбиқи талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 нигаронида шуда, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» аз 6 боб ва 21 модда иборат буда асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявии ҳамкории мақомоти давлатӣ, корфармоён ва муассисаҳои тайёр намудани мутахассисонро ҷиҳати қонеъ намудани талаботи бозори меҳнат бо мутахассисони босалоҳият дар доираи низоми миллии тахассусҳо муайян менамояд.
Дар анҷоми кори ҷаласаи Шӯро аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардидаи рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Илова кунед