Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
16 Ноябр 2020, ДушанбеМувофиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи махсус ва ҳалкунандаро доро аст. Зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Аз ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кулли тадбирҳоро меандешанд. Чунончи, дар паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таклифу пешниҳоди судманди қонунгузорӣ менамоянд. Ҳамрадиф бо ин, тибқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаҳои қонунҳо, аз ҷумла, қонунҳо дар бораи авфро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
Дар асоси моддаи 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад ва ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин.
Дар иртибот ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар 30-юми апрели соли 2004 махсус таъкид карданд, ки дар тӯли таърихи башар масъалаи эътироф, ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлатҳои демократӣ қарор дошт. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудааст. Бо дарназардошти ин меъёри умумибашарӣ соли 2003 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки он ба меъёрҳои башардӯстӣ асос ёфтааст. Муҳимтарин тағйирот дар ин самт аз он иборат аст, ки татбиқи ҷазои қатл дар кишвари мо қатъиян маҳдуд карда шудааст. Агар мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми августи соли 1961, ки то соли 1998 амал мекард, дар 44 маврид ва тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми майи соли 1998 дар 15 маврид ҷазои қатл пешбинӣ шуда бошад, пас тибқи тағйиру иловаҳое, ки соли 2003 ба Кодекси ҷиноятӣ ворид карда шуданд, ин намуди ҷазо танҳо дар 5 маврид пешбинӣ карда шуд.
Дар ҳамин Паём таъкид шуд, ки маҳдуд намудани ҷазои қатл амали хеле назаррас аст, аммо нисбат ба ҳаёти инсон бояд муносибати башардӯстона сурат гирад. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ ва дахлнопазир буда, дар миёни онҳо ҳуқуқ ба ҳаёт мавқеи хосса дорад. Воқеан, ҳаққи ҳаёт арзиши табиӣ буда, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад касеро аз он маҳрум созад.
Аз ин хотир, Сарвари давлат иброз намуданд, ки ба татбиқи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моратория эълон карда шавад ва дастур доданд, ки бо мақсади таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис ёбад ва дар муҳлати кӯтоҳтарин санадҳои зарурӣ омода гарданд.
Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои зикргардида лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» таҳия гардида, 7-уми майи соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи Қонуни мазкурро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Ҳамин тавр, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» 2-юми июни соли 2004 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва онро 8-уми июли соли 2004 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ кард. Қонуни мазкур 15-уми июли соли 2004 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Мутобиқи моддаи 1-уми Қонуни мазкур татбиқи ҷазо дар шакли ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 104 қисми 2, 138 қисми 3, 179 қисми 3, 398 ва 399-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, инчунин иҷрои ҷазои қатл ва дигар қоидаҳои вобаста ба он, ки дар моддаҳои 19, 21, 23, 25, 78, 100, 127, 129, 131, 133, 214-222-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, боз дошта шуд. Ва дар давраи боздоштани татбиқи ҷазои қатл ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати бисту панҷ сол муайян гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ зиёда аз 15 маротиба қонунҳо дар бораи авф қабул гардиданд, ки дар асоси онҳо зиёда аз сад ҳазор шахсоне, ки кирдорҳои ҷиноятӣ содир намудаанд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод шуда, ба ҳаёти осоишта баргаштанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли санадҳои байналмилалӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон, аз қабили Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон ва ғайра буда, ҷиҳати татбиқи онҳо чораҳои амалӣ меандешад. Зимнан, 22-юми марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд.
Конвенсия оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз тарафи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 13-уми декабри соли 2006 қабул гардида, 3-юми майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлати дунё тарафдорӣ ёфтан ҳукми қонунӣ гирифт. Ба ҳолати моҳи ноябри соли 2019 181 кишварҳои олам ва Иттиҳоди Аврупо иштирокчии Конвенсияи мазкур мебошанд.
Бояд хотирнишон сохт, ки 30-юми октябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд» дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон 378 маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуданд.
Қобили тазаккур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат мақомоти махсусгардонидашудаи давлатӣ – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолият доранд, ки онҳо дар таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар кишвар нақши муҳимро иҷро менамоянд.
Хулоса, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бағоят бузург мебошад, зеро Президенти мамлакат ҷиҳати эътирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди неруи инсонӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва фароҳам сохтани шароити зиндагии арзанда ба ҳар як сокини кишвар тамоми чораҳоро меандешанд.
Фирӯз Сайнозимзода,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон