Таъсири фанновариҳои иттилоотӣ ба равандҳои муосири сиёсӣ
17 Ноябр 2020, СешанбеҲодисаҳои имрӯз дар ҳаёти ҷамъиятии аксар кишварҳо дар заминаи ба арсаи афзалиятёбандаи муошират ва сафарбарнамоии иҷтимоӣ табдил ёфтани саҳнаҳои пешниҳодсозандаи фанновариҳои муосири иттилоотӣ аз нигоҳи зарурияти нигоҳдории пояҳои суботи ҷамъятӣ қобили мулоҳизаҳои назариявию амалӣ ба шумор мераванд. Зеро дар баробари аз зарфиятҳои вусъатдиҳии фазои татбиқи арзишҳои мардумсолорӣ бархурдор будани саҳнаҳои иҷтимоии интернетии муоширати сиёсӣ ҳамзамон онҳо бо худ хатарҳоеро барои маҳдудсозии имконияти таъсиргузории доираи васеи мардум ба равандҳои ҷамъиятиро ба дунбол доранд. Аз ин рӯ, раванди ба арсаи муоширатҳои сиёсии байни ҷомеа ва элитаҳои сиёсӣ табдил ёфтани шабакаҳои иҷтимоӣ дигаргуниҳои куллиеро имрӯзҳо дар ҳаёти ҷамъиятии баъзе кишварҳо ба миён оварда истодааст, ки таъсирашон ҳудудҳои миллиро аксар вақт бе мамониат убур менамоянд, онҳоро таҳти таъсири худ мегузоранд ва ҳатто боиси фалаҷшавии низомҳои ҷамъиятӣ мегарданд. Мисоли равшани ин қазоват ҷараёни интихоботи ахиран доиршудаи ИМА ба шумор меравад, ки аз нигоҳи масъалаи мавриди таҳқиқи мо қобили мулоҳизаи ҳамаҷониба ва амиқ мебошад.
Ҳодисаи сиёсии мазкур собит намуд, ки арсаи интернетии муоширати сиёсӣ дар бисёр ҳолатҳо метавонад натиҷаҳоеро аз маҳсули чунин муоширатҳо ба намоиш гузорад, ки барои мушорикони худи ин равандҳо куллан ғайриинтизор мебошанд ва ин аз ҳузури густурда пайдо кардани сензураи маҷозии дидгоҳҳои сиёсии як гурӯҳ ба манфиати гурӯҳи дигар гувоҳӣ медиҳад. Чунин ҳолат тасаввуроти ғолибро оид ба холисияти фанновариҳои иттилоотии муосир дар идоракунии ҳаёти сиёсии ҷомеа ба тадриҷ коҳиш медиҳад. Ҳузури густурдаи сензураи сиёсӣ дар саҳнаҳои интернетии муоширати сиёсӣ нишон дод, ки дасти ноаёни манфиатдорони дастгирии ин ва ё он гурӯҳи сиёсӣ қудрати азими таҳрифкорона намоиш додани афзалияти як рақиби сиёсиро нисбати рақиби дигар дар ихтиёр доранд. Истифодаи бемаҳдуди қудрати чунин дасти ноаёни сензураи сиёсӣ дар саҳнаҳои интернетии муоширати сиёсӣ паёмадҳои ногуворро барои таъмини фаъолияти ниҳодҳои идоракунии ҷамъиятӣ ва сиёсӣ метавонад дар пай дошта бошад. Таваҷҷӯҳи пайваста ба чунин паёмадҳо хусусан барои кишварҳое, ки дар пайи андӯхтани таҷрибаи озмӯдашудаи таърихии ташкили идоракунии демократии ҳаёти ҷамъиятӣ мебошанд ва аксар маврид барои ғанигардонии чунин таҷриба ба “намунаҳои пешрафта” менигаранд бояд хеле ҳассос бошад.
Агар пештар зимомдорони сиёсӣ барои ба ҷонибдории худ моил сохтани нафарони маслаки сиёсии калавандадоштаробо роҳи пешниҳоди силсилаи қазоватҳо ба харҷ медоданд, акнун зарфиятҳои сензураи сиёсӣ дар саҳнаҳои интернетии муоширати сиёсӣ чунин заҳматро ба дӯши худ гирифта истодааст. Полойиши афкори нафарони бо самту мазмуни арзишҳои пешниҳоднамуда маслаки сиёсии калаванда дошта аз ҷониби мудирону модераторондар заминаи тарҳҳои қаблан таҳияшуда дар саҳнаҳои интернетии муоширати сиёсӣ хатари ба амалияи маъмул табдил ёфтанро касб карда истодааст. Дар ин саҳнаҳо қудрати азими таъсиррасониро ба афкори ҷомеа ва таъйини самти рафтори сиёсию ҷамъиятии мардум нафарону гурӯҳҳое ба даст оварда истодаанд, ки минбаъд метавонад ба машрӯъияти низомҳои ҷамъиятӣ латма ворид созанд. Зеро мақому манзалати онҳоро на иродаи ба даст овардашуда аз мардум, балки тавоноии молиявию қудрати дар ихтиёр доштани манбаъҳои таъсиррасони фанновариҳои иттилоотӣ ташкил медиҳанд. Яъне ширкатҳои бузурги манбаъҳои таъсиррасони фанновариҳои иттилоотиро дар ихтиёри худ дошта на танҳо манбаи сафарбнамоии доираи васеи электоратро дар ихтиёри мушорикони баҳсҳои фазои виртуалӣ мегузоранд, балки худашон низ ба фишангҳои манфиатдоштаи сензураи сиёсӣ табдил ёфта истодаанд. Мисоли равшан барои исботи қазовати охир инқилобҳои рангае мебошад, ки солҳои охир нисбати нооромсозии баъзе кишварҳо бо истифода аз воситаҳои иттилоотӣ татбиқ мегардад. Дар нооромиҳои пасазинтихоботии Белорусия шабакаи иттилоотии “Телеграмм-канал” рафтори сиёсии мардумро аз хориҷа идора мекард ва барояшон бо имкондиҳии чеҳраи номуносиби ҳарифони сиёсӣ ҳадафҳои худро амалӣ мегардонид. Издиҳоми мардум бе роҳбарии сарвари ягона дар ин маврид таҳти идораи иттилоотии аз чунин шабакаҳо сарозершуда боқӣ монда, имконияти тафовутгузорӣ байни манфиатҳои гурӯҳҳои пасипардагӣ ва худро надоштанд.
Тағйиротҳои дар замина ба вуқӯъ пайваста истода моро водор ба қабулу дарки воқеияти нави иҷтимоие менамоянд, ки акнун тавассутизарфиятҳои сензураи сиёсӣ дар саҳнаҳои интернетии муоширати сиёсӣ шакли нави назорати иҷтимоии рафтори мардум ташаккул ёфта истодааст, ки қаблан тасвири тахайюлии онро мо дар саҳифаҳои адабиёти бадеӣ ва манзараҳои конспирологӣ дучор меомадем. Яке аз фишангҳои аз нигоҳи фанноварии иттилоотӣ хеле нозукона коркардшудаисензура дар саҳнаҳои интернетии муоширати сиёсӣ ин ба таври худкор полойишдиҳӣ, таҳриркунии твиттҳои нафарони дигарандеш ва пешгирикунии паҳншавии иттилооти аз нигоҳи манфиатҳои гурӯҳҳои пасипардагӣ номуносиб ба шумор меравад. Чунин ҳолатҳо ба таври хеле равшан дар чорабиниҳои интихоботии Ҷумҳурии Белорус, ИМА, Ҷумҳурии Қирғизистон, даргириҳои ахири Қарабоғи Куҳӣ ва ғайра ба вуқӯъ пайвастанд, ки намунаи барҷастаи он қатъи суханронии роҳбари амлкунандаи давлат аз ҷониби шабакаҳои телевизионии MSNBC, ABC, CBS, CNBC и NBC мебошад.
Худи намояндагони шабакаҳои бузурги иттилоотӣ иқрор мешаванд, ки тӯли солҳои охир аз ҷониби онҳо ва тавассути пуштибонии молиявии ширкату шахсиятҳои гуногун онҳо маблағҳои бешуморро барои таҳияи барномаҳои тақвиятбахшандаи қудрати муассири таҳририю мусаҳеҳии интернетӣ равона шудааст. Акнун барномаҳое коркард шудаанд, ки дорои алгоритмҳои гурӯҳбандисозанда ё маркировкаи “контентҳои ба ғалат мувоҷеҳсозанда” мебошанд. Интихоби чунин усули полойиши иттилоот минбаъд имконияти роҳ ёфтани маводи дар заминаи таҳқиқотҳои журналистӣ таҳияшударо дар саҳифаҳои шабакаҳои интернетӣ метавонад маҳдуд созад, пахши иттилооти қаблан барои суст кардани машрӯъияти низомҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ нигаронидашударо тақвият бахшад ва ғайра. Дар маъракаи пешазинтихоботии ИМА ҳолати мазкур вобаста ба пешгирии фурӯрезии иттилооти номуносиб нисбати маълумотҳои дар нотбукҳои фарзанди яке иштирокчиёни ин чорабинӣ сурат гирифт, ки сабабашро дастандаркорони сензураи интернетӣ дар асоси бидуни иҷозати соҳибмулк ба даст овардани иттилоотро нисбати ӯ маънидод намуданд. Ҳарчанд чунин асосноккунӣ аз нигоҳи мантиқи таҳқиқоти журналистӣ хеле суст ба назар мерасад, вале новобаста аз ин он нақши муҳимро дар ҳифзи манфиатҳои гурӯҳӣ иҷро карда тавонист. Аксари коршиносони сиёсӣ иброз медоранд, ки агар ВАО, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, пайваста аз чунин мантиқи асосноккунӣ пайравӣ менамуданд пас ҳӯзури бепоёни ахбороти таҳлилӣ оид ба фаъолияти ғайриқонунии доираҳои гуногун дар саҳифаҳои онҳо имконнопазир мегардид.
Падидаҳои мазкурнизомҳои ҷамъиятиро дар рӯ ба рӯи зарурияти дарки воқеиятҳои нав ва ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки идоракунии онҳо мегузоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун истифодабарандаи хизматрасониҳои шабакаҳои бузурги фаромиллӣ бояд пайваста ба омӯзиши саривақтии паёмадҳои ногувори чунин падидаҳо таваҷҷӯҳ намояд ва дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тадбирҳои муносиби нишонавӣ андешад. Ҳамчунин ба омодасозии мутахассисони самти веб-журналистика, барномасозӣ, робита бо ҷомеа ва ғайра дар заминаи фарогирии малакаи истифодаи фанновариҳои пешрафтаи иттилоотӣдиққати бештар диҳад. Дар ин замина омӯзиши таҷрибаи низоми иттилоотии кишвари ҳамсояи Чин низ дар мавриди маҳдуд, масдуд кардани ҳузури контенту шабакаҳои алоҳидаи талаботҳои қонунгузории кишварро риоянакунанда бояд мадди назар бошад. Тибқи маълумоти таҳқиқоти онлайн доирнамудаи яке аз муассисаҳои бонуфузи пажуҳишӣ бештар аз панҷсад шабакаю саҳифаҳои интернетие дар Телеграм, Фейсбук, Инстаграм, Твиттер, Ютуб, Вконтакте, Одноклассники ва ғайра ошкор шудаанд, ки аз ҷониби ташкилотҳои ифротгаро дар фазои Осиёи Марказӣ мавриди истифода будаанд. Ба ин шабакаю саҳифаҳо худро 174 ҳазор нафар номнавис карда бошанд ҳам, вале миқёси воридшавии аслии корбаронро натиҷаҳои таҳқиқот бештар аз миллион нафар тахмин мезанад. Мушкилии дақиқан муайян кардани теъдоди онҳо аз он иборат аст, ки онҳо бештар аз хизматрасониҳои рамзишудаи шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз ташкилотҳои ифротгаро пас аз шикасти муборизаи ошкоро бо рақибони худ акнун фаъолона аз саҳнаҳои пешниҳоднамудаи фазои иттилоотии интернетӣ истифода мебаранд. Яъне ифротгароёни онлайнӣ пайваста малакаи корбарии иттилоотии худро дар баробари монеъаҳои эҷодшаванда такмил медиҳанд ва ҷомеаи мо низ бояд дар баробари истеҳкомбахшии ҳудудҳои физикияш инчунин барои ҳифзи ҳудудҳои рақамии худ пайваста тадбирҳои муассир андешад. Зеро имрӯзҳо бисёре аз мудохилаю таъсиррасониҳо ба ҳаёти ҷамъиятии кишварҳо дар заминаи рахнасозии ҳудудҳои рақамии онҳо сурат мегирад ва хисороти чунин амалҳоро пешбинӣ намудан аксар маврид мушкил аст.
Ҳамин тавр, шабакаҳои иттилоотӣ имрӯзҳо на танҳо ба арсаҳои бузурги муоширати сиёсӣ табдил ёфтаанд, балки дар онҳо ҳамзамон ҳузури сензураи ба таври худкор полойишдиҳӣ, таҳриркунии матолиби дарҷшаванда аз нигоҳи манфиатҳои гурӯҳҳои пасипардагию дастҳои ноаён бештар мегардад. Ҳарчанд аз нигоҳи сиёсӣ машрӯъияти чунин шакли маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон баҳсбарангез аст, вале новобаста аз ин таъсири ногувори он ба таъмини суботи низомҳои ҷамъиятӣ ҳамарӯза меафзояд ва вобастагии ташаккули афкори ҷамъиятӣ низ рӯз ба рӯз ба ин сарчашмаҳои иттилоотӣ зиёдтар мегардад. Бинобар ин талошҳои гузоштани ҳадҳои муайянедар баробари густариши ҳудуди таъсири ҳокимияти беканори чунин манбаъҳои таъсиррасон ба афкору рафтори одамон ба масъалаҳои мубрами илмҳои ҷомеашиносӣ табдил ёфтаанд.
Хайридин Усмонзода
вакил, узви кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ,
мудофиа ва амнияти МН МО