Риояи қонунгузорӣ ҳангоми тасвири Парчам ҳатмист

24 Ноябр 2020, Сешанбе

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатдории тоҷикон буда, баёнгари соҳибихтиёриву мустақилият, ягонагиву сарҷамъӣ, ватандӯстӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ, инчунин ифодакунандаи ормонҳои миллии мардуми меҳнатқарини тоҷик аст.
Мувофиқи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми марти соли 2007 «Дар хусуси тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷой гирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1:2 аст.
Дар иртибот ба ин, дар моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 12-уми майи соли 2007) навишта шудааст, ки Парчами давлатӣ, новобаста ба андозааш, бо риояи дақиқи ҳаҷму ранги асл бояд тасвир карда шавад.
Мутаассифона, мушоҳида мегардад, ки дар баъзе аз ҷойҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ва афрохта шудаанд. Чунончи, Парчам бо се ранге, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, тасвир ёфта, ҷузъҳои дигари муҳимми Парчам, яъне тоҷ ва ҳафт ситора, тасвир нашудаанд, ки чунин муносибат бо рамзи давлатӣ хилофи қонунгузории мамлакат ва беэҳтиромӣ нисбат ба муқаддасоти миллӣ мебошад.
Аз ҷониби дигар, агар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни тоҷ ва ҳафт ситора тасвир ёбад, он шабеҳи Парчами Ҷумҳурии Венгрия мегардад. Биноан, масъулин ва мақомоти дахлдори шаҳру ноҳияҳои кишварро зарур аст, ки ҳангоми фармоиш ва афрохтани Парчами давлатии мамлакат муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя кунанд. Ҳамчунин, дар ҷойҳое, ки Парчами давлатӣ афрохта шудаанд, санҷиш гузаронида, бобати мутобиқ кардани ҳар яки он ба муқаррароти қонунгузории кишвар тадбир андешанд. Зеро эҳтироми волои Парчами давлатӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди баору номуси Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҳама ҳолат ба ин рамзи давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба он беҳурматӣ зоҳир нагардад.
Ҳамчуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ 23-юми ноябри соли 2014 қайд намуданд: «Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа ва дар айни замон мояи ифтихори ӯ ба ҳисоб меравад».
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои асосии давлати миллӣ маҳсуб ёфта, танҳо дар ҷойҳои махсусе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, гузошта мешавад.
Дар асоси моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин дигар ҷойҳое, ки боби 2 Қонуни мазкур муқаррар намудааст, афрохта мешавад.
Зимнан, бо мақсади баланд бардоштани ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон тавассути арҷгузоштан ба Парчами давлатӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 14-уми ноябри соли 2016) тағйиру иловаҳо ворид гардида, ба ин васила шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо карданд, ки бо сарафрозиву сарбаландӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории худ Парчами давлатии мамлакатро истифода намоянд.
Зарур аст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтирому арҷгузорӣ намоем ва нагузорем, ки ба ин муқаддасоти миллӣ беэҳтиромӣ зоҳир карда шавад.
 
 
Фирӯз Сайнозимзода,
Мушовири калони Кумитаи Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон

Илова кунед