Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори ҷаласаи комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд

26 Ноябр 2020, Панҷшанбе

Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Руссия ҷаласаи    навбатии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба таври реҷаи фосилавӣ (видиоконференсия) баргузор гардид, ки дар кори он вакилони Маҷлиси намояндагон, узви комиссияҳои мазкур-Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, вакилон Обид Фозилов ва Зоир Раҳмонзода иштирок намуданд.
Дар ин чорабиниҳо ҳамчунин вакилони парлумони кишварҳои узви   АссамблеяиБайнипарлумонии  кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,  мутахассисон ва коршиносон, намояндагони созмонҳои баӣналмилалӣ ширкат варзиданд.
Дар рафти ҷаласаҳои комиссияҳои мазкур , вакилони парлумонҳои кишварҳои узви АБ  ИДМ доираи масъалаҳои мубрами ҳифзи иҷтимоию амнияти байналмилалӣ,  минтақавӣ, фарҳангу варзиш ва иқтисодиро   муҳокима намуда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ  гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.

Аз ҷумла дар рӯзномаи ҷаласаи комиссияҳои мазкур  қонуни намунавӣ "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ", лоиҳаи Қарори Шӯрои АБ  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил "Дар бораи дастгирии қонунгузории тадбирҳои кишварҳои узви ИДМ дар робита бо пандемияи COVID-19», Изҳороти муштараки Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Бюрои минтақавии Аврупои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ «Дар бораи нақши парламентҳо дар мубориза бо COVID-19 ", «Таҳияи лоиҳаи Тавсияҳо оид ба ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи рушди рақамӣ ва Тавсияҳо оид ба ташкили равишҳои умумӣ дар масъалаи пешниҳоди нусхаи қонунии нашрияи чопӣ дар шакли электронӣ дар кишварҳои узви ИДМ», «Нақшаи дурнамои қонунгузории намунавӣ барои солҳои 2020-2022», "Дар бораи дастгирии давлатии кинематография", "Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ" мавриди баррасии ҳамаҷонибаи аъзои ҷаласа қарор гирифт.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, вакилон Обид Фозилов ва Зоир Раҳмонзода зимни баромади хеш иброз намуданд, ки баргузории ҷаласаҳои и мазкур далели равшани ҳамкориҳои байни давлатҳои аъзои АБ ИДМ мебошад, ки ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмони бонуфӯз мебошад.
Дар интиҳои ҷаласа нақша чорабиниҳои бастаи санадҳои нав ба имзо расид, ки он барои баррасӣ зимни ҷаласаи дар пешистодаи Шӯрои  АБ ИДМ пешниҳод гардид.

Илова кунед