Муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид
26 Ноябр 2020, ПанҷшанбеИмрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти чанде аз вазорату кумитаҳои соҳавии кишварамон муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Татбиқи Созишномаи грантӣ «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассосиатсияи Байналмилалии Рушд» баргузор гардид.
Хамзамон, дар доираи лоиҳа бо назардошти имкониятҳо баррасии васеъ истифода намудани системаи билингӣ мувофиқи мақсад мебошад. Дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон ҷорӣ намудани системаи мазкур натиҷаҳои хуб дода истодааст. Албатта дар оянда мо бояд пардохти ҳаққи хизмати обрасониро бо воситаи ин система дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат ҷорӣ намоем.
Ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани мақоми дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ҷиҳати расонидани кумакҳои машваратӣ, методӣ ва иттилоотӣ барои баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ ва касбии кормандон онҳо пешниҳод гардида буд. Тибқи маълумотҳо бо назардошти зарурияти набудани маблағ ин кор амалӣ карда нашудааст. Дар доираи лоиҳа дар ҳавзаи дарёи Зарафшон баррасӣ намудани ҳалли ин масъала мувофиқи мақсад мебуд.
Дар анҷоми муҳокимаи парламентӣ баъди саволу ҷавоби вакилони мардумӣ бо масъулини соҳа, қарор ва тавсияҳои дахлдор қабул карда шуд.
