Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардид

02 Декабр 2020, Чоршанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни баромади муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Ашуров  таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади тамдид намудани муҳлати амали андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард таҳия гардидааст.
Чунончи, мутобиқи сархати сеюми моддаи 252 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз 31 декабри соли 2020 бекор карда мешавад.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва вакили мардумӣ Солеҳа Холмаҳмадзода зимни баромадашон таъкид намуданд, ки лоиҳаи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бо мақсади кам намудани  муҳлати баррасии ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном, в (ё) номи падар, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном  ва (ё)  номи падар дар муддати на дертар аз  як моҳ аз рўзи додани ариза баррасӣ карда мешавад. Ҳамзамон, дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок, муҳлати баррасӣ намудани ариза  понздаҳ рўз дароз карда мешавад.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимойии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Ашурзода иброз намуданд, ки мақсади асосии лоиҳаи Қонуни мазкур муҳайё намудани шароит ва содакунонии ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бақайдгирии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, истеҳсол ва додани имтиёзҳо ҳангоми истифодаи онҳо дар амалиётҳои ҳарбӣ, ҳолатҳои фавқулода, паҳншавии эпидемия, пешгирӣ ва табобати бемориҳо, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои номусоиди кимиёвӣ, биологӣ ва радиатсионӣ пешбинӣ мешаванд, иборат мебошад.

Масъалаи ниҳоӣии рӯзнома-лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»ро ба вакилони мардумӣ сардори хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод ва вакили мардумӣ Неъматулло Холбойзода баррасӣ намуда иброз намуданд, ки тағйиру иловаҳои пешбинигардида ба бартараф намудани норасогиҳо ва бархурди манфиатҳо, рушду такомули муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ва фурўшандагон татбиқи қонуни амалкунанда мусоидат менамояд.
Лоиҳаи пешниҳодшуда тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ҳамчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон таҳия гардидааст.


Илова кунед