Гурӯҳҳои дӯстӣ вусъатбахши дипломатияи парламентӣ

02 Декабр 2020, Чоршанбе

Ба роҳ мондани сиёсати мустақили хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро имрӯз метавон аз музаффариятҳои истиқлолияти комили давлатӣ ҳисобид. Бо бадастовардани истиқлолияти давлатӣ кишварро лозим омад ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии худро ба роҳ монда ба маҷрои созанда онро роҳнамо созад. 
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони барои ҷумҳурӣ ниҳоят вазнин роҳбари давлат интихоб гардид ва аз рӯзҳои нахустин дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ роҳеро пеш гирифт, ки тавассути он қадам ба қадам кишварро аз ҳолати бӯҳронӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ берун карда, ба маҷрои созанда ва пешрафта раҳнамун сохт.
Дар ин қарина паҳнои тафаккури давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадор дар он зоҳир гашт, ки дар иртибот ба рӯйдодҳои марҳилаи аввали истиқлолияти кишвар ва таҳаввулоти геополитикии замони муосир ҷиҳати ҳимояту ҳифозати манфиатҳои олии миллӣ зарурати дар муносибатҳои байналмилалӣ нигоҳ доштани тавозун байни қудратҳои ҷаҳониро саривақт дарк намуд. Ин нукта аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи XVII Шӯрои Олӣ чунин арзёбӣ гашт: «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар асоси эҳтироми меъёрҳои умумибашарӣ, принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ба мадди назар гузоштани манфиатҳои олии Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард. Тоҷикистон манфиатдор аст, ки сиёсати мувозину прагматиро пеш гирад, ки аз пайравии якҷониба холӣ бошад.».
Самти мазкур дар нутқи барномавии Сарвари давлат дар ҷаласаи навбатии парламенти кишвар тақвият дода шуда, заминаи аввалин Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ташкил дод. Дар баробари ин дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳифзу таъмини манфиатҳои миллии он, баланд бардоштани обрӯ ва эътибори ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди беруна барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва таъмини рушди устувори кишвар ба таври воқеӣ ва қотеона ба ҳайси ҳадафҳои волотарини сиёсати хориҷии давлат эълом карда шуданд.
Марҳилаи аввали татбиқи сиёсати хориҷии муваффақонаи кишварамонро лозим буд стратегияи фарогир дар муносибатҳои байналмилалӣ, ки дурустии онро пурра собит созад, пеш гирад. Дар ин замина консепсияи «сиёсати дарҳои боз»-ро, ки 31 декабри соли 2002 зимни муроҷиатномаи солинавии Президенти кишвар ба халқи Тоҷикистон эълом шуд, ташкил дод. Дар асоси ин консепсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалии худ сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун, прагматикӣ ва фарогирро роҳандозӣ намуда, тавсеа, таҳкими робитаҳои дӯстона, ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои гуногуни олам ба роҳ монд.
Барои татбиқи ин сиёсат, мехоҳам нақши фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи дипломатияи парламентии кишвар маҳсуб меёбанд ва нақши онҳо дар татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери таҳлил ва таҳқиқ қарор диҳам.   
Бояд зикр кард, ки робитаҳои байнипарламентӣ ҳам­чун қисми ҷудонашавандаи муносибатҳои байнидавлатӣ бештар ташаккул ёфта истодаанд.
Робитаҳои мутақобилаи мунтазами парламентҳо ҳамчун яке аз омил­ҳои муассири шаклгирии ҳамкориҳо ва далели рушди амиқи муно­си­батҳои байнидавлатӣ хидмат намуда, фаъолияти мунтазам ва пайвас­таи онҳо дар самти рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба аз таваҷҷуҳи тарафайн шаҳодат медиҳанд. Ҳоло бинобар он ки робитаҳои  пар­ла­мент­ҳо хусусияти доимиро касб кардаанд, мафҳуми нисбатан нави «дипломатияи парла­ментӣ» рӯи кор омад.
Дар замони ҳозира муносибатҳои байнипар­ламентӣ ҳамчун институти намояндагӣ барои ҳалли бисёр масъалаҳои муосири давлатӣ  мусоидат менамояд. Зеро дар доираи ҳамкориҳои байнипарламентӣ масъалаҳое ба монанди мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилона, камбизоатӣ, инчунин халъи силоҳ, энергетика, амнияти экологӣ ва ѓайра фаро гирифта мешаванд.
Дар ин раванд, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои пурнатиҷаву судманд ва гуногунҷабҳаи худ бо парламентҳои кишварҳо ва созмонҳои байнипарламентии ҷаҳон назари хоса дорад. Парламенти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди таъсиси ёфтанаш узви фаъоли як қатор созмонҳои байнипарламентӣ гардид ва сол аз сол шумораи онҳо дар ҳоли рушд қарор дорад.
Боиси ифтихор ҳаст, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ба узвияти Комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ пазируфта шуда, чанд нафари онҳо дар мақомҳои роҳбарикунандаи ин ассамблеяҳо интихоб гардида, чанде аз онҳо барои фаъолияти хуби байнипарламентиашон бо ордену медалҳо ва ифтихорномаҳои ин ниҳодҳои байналмилалӣ низ сарфароз гардидаанд.
Агар фаъолияти байнипарламентии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  назар намоем, дар ҳама суҳбату вохӯриҳо, чи бо роҳбарони киш­варҳои хориҷӣ  ва чи бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, асосан мавзуи баррасишаванда ин масъалаи густариши равобити гуногуни дуҷонибаи миёни кишварҳо, рушди муносибатҳои байнипарламентӣ ва инкишофи ҳарчи бештари ин муносибатҳоро дар бар мегиранд.
Дар даъвати дуюми Маҷлиси намояндагон, ки ба таъсиси парламенти касбии кишвар рост меояд аввалин давлатҳое, ки бо онҳо гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ созмон дода шуд – Россия, Латвия, Озарбойҷон, Туркия, Беларус, Югославия, Покистон, Эрон, Қувайт, Ӯзбекистон, Қирѓизистон, Қазоқистон, Корея, Хитой, Ҳиндустон, Япония мебошанд.   
Тавре, ки дар ҷамъбасти 10 солаи фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар гузориши хотимавии худ аввалин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев иброз дошт - «бо парламентҳои бисёр кишварҳои дунё робитаҳои корӣ барқарор шуд ва бо 20 парламенти кишварҳои дигар гурӯҳҳои ҳамкорӣ ва дӯстӣ таъсис ёфтаанд».
Дар рӯзҳои аввали таъсиси парламенти касбии кишвар Маҷлиси намояндагон тасмим гирифта буд, ки фаъолияти хориҷии худро ҷоннок намуда, ба ин қисмат мазмуну мундариҷаи тоза бахшад. Агар ба мусоҳибаи аввалин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев бо мухбири «Садои мардум» назар андозем, оид ба фаъолияти байнипарламентӣ ӯ иброз дошта буд, ки «болоравии нуфузи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо, аз он ҷумла дар фаъолияти байпарламентӣ низ робитаю ҳамкориҳо бо парламентҳои давлатҳои хориҷӣ вусъат пайдо кард. Ин дастоварди худро мо бояд дар оянда афзун гардонем. Воқеан, гуфтаниҳо дар ин самт хеле зиёданд ва ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки дар пеш Маҷлиси намонядагонро фаъолияти пурҷушу хурӯши хориҷӣ интизор аст, ки аз он ҳам парлумон ва ҳам давлати Тоҷикистон бурди беандоза хоҳанд дошт».
Агар дар ибтидои Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба узвияти комиссияҳои доимии байнипарламентӣ ва созмонҳои байналмилалии байнипарла­мен­тӣ бо 19 кишвари дунё гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагонро дар бар гирифта бошад, иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ва байнипарламентӣ аз ҷумла 32 гурӯҳи дӯстӣ бо 32 давлат ва созмонҳои байнипарламентиро дар бар гирифт.
Раиси қаблии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар гузориши худ оид ба ҷамъбасти Иҷлосияи якуми даъвати панҷум вобаста ба тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагон чунин андешидаҳои муфидро иброз дошта буданд: - «Албатта, ин нишондод ҳадди ниҳоӣ набуда, кор дар ин самт идома дорад. Бояд гуфт, ки фақат таъсис додани гурӯҳи дӯстӣ ин ҳанӯз ба роҳ мондани муносибати мутақобилан муфид нест. Дар ин самт бояд оид ба воқеан ба роҳ мондани муносибати байнипарламентӣ роҳбарони гурӯҳҳо корҳои дахлдорро ба анҷом расонида, муносибат ва робитаро барқарор намоянд».
Бо мақсади афзудани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дар ин самтро ривоҷ дода, дар ҳар иҷлосияҳои навбатии даъвати панҷум бо зиёда аз 5 то 10 парламентҳои дигар кишварҳо гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориро таъсис дод. То охири даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон ин раванд идома ёфта теъдоди гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ то ба 60 гурӯҳ расонида шуд.
Бояд гуфт, ки ба фаъолият шуруъ намудани даъвати шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти байнипарламентии худро ба ҳолати кунунии паҳншавии бемории сироятии коронавирус - COVID-19 мутобиқ намуда, ҷанбаҳои нави кориро дар бахши ҳамкориҳои байнипарламентиву хориҷӣ бо баргузории видео-конфронсҳо, вохӯриҳои фосилавӣ, омӯзишҳо бо пахши мустақим шуруъ намуд.
Маҷлиси намояндагон аз шурӯи даъвати шашум дар самти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ фаъолияти худро босамар оѓоз намуд,  зеро рушди фарогири кишвар наметавонад аз равандҳои пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ дар ҷудоӣ сурат бигирад ва иштироки нокифоя ё барканор шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин равандҳо метавонад кишвари моро аз маркази инкишофи ҷаҳонӣ фарсахҳо дур созад.
Бо ин мақсад, бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 74 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байнипарламентӣ гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ созмон дода шуданд. Ин албатта дар таърихи фаъолияти байнипарламентии парламенти касбӣ роҷеъ ба гурӯҳҳои дӯстӣ нишонаи аз ҳама баландтар аст.     
Қобили зикр аст, ки дар аксар маврид парламентҳои кишварҳои хориҷӣ ҳамчун хоҳишманд ва ё ташаббускори таъсиси гурӯҳи дӯстӣ бо Маҷлиси намояндагон баромад карда, аз таъсис ва рӯйхати аъзои гурӯҳи дӯстӣ дар парламентҳои кишвари худ ба Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Маҳз гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар фаъолияти байнипарламентӣ ҳамчун ҷузъи таркибии сиёсати хори­ҷии кишвар, дар баробари омӯзиши таҷрибаи қонунгузориву намояндагии кишварҳои дар ҳоли рушд, истифодаи қонунҳои намунавии киш­варҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва масъалаҳои марбут ба ҳаёти парламентӣ, ҷиҳати густариши робитаҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, бунёди корхонаҳои муштарак ва дигар масъалаҳои барои халқу кишварамон муҳимро метавонанд амалӣ намоянд. Бисёр масъалаҳои ро­ҷеъ ба муносибатҳои дӯстона аз тариқи робитаҳои гурӯҳҳои дӯстӣ бо пар­ламентҳои дигар кишварҳо, бо сафоратҳои ин кишварҳо мавриди ҳаллу фасл қарор дода мешаванд.
Албатта, ҳадафи асосӣ аз таъсиси гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ин тақ­вият бахшидани сиёсати хориҷии кишвар ва тариқи ниҳодҳои байнипарламентӣ ба маълумоти аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани мазмуну моҳияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  муаррифӣ намудан мебошад.
Маҷлиси намояндагон дар ҳама мулоқоту қабулҳо, бо иштироки намояндагони худ дар конфронсу форумҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои байнипарламентиву хориҷӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани назари некбинонаи аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба воқеияти Тоҷикистон, вазъи минтақа, ҷалби сармоя, бунёди корхонаҳои муштарак ва дигар масъалаҳо нақши муассир дошта, дар ин замина ҷиҳати муаррифии сиёсати сулҳҷӯёна ва дарҳои кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ саҳмгузор низ ҳаст.
Ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи парламентӣ гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парламентҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷопон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Парламенти Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳамкориҳои доимӣ, сермаҳсул ва рӯ ба рушд қарор дорад.
Дар вазъияти мураккаби сиёсӣ ва шароити номусоиду тағйирёбандаи дунёи имрӯза густариши робитаҳои байнипарламентӣ ва хориҷии Маҷлиси намояндагон низ мазмуну моҳияти нав пайдо мекунанд. Чунин робитаҳоро ҷиҳати амалӣ намудани ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагон дар доираи фаъолияти созмону ниҳодҳои байнипарламентии минта­қавию байналмилалӣ, робитаҳои гурӯҳҳои дӯстӣ бо парламентҳои киш­варҳои хориҷӣ, созмонҳои байнипарламентиву ғайрипарламентии хориҷӣ хуб ба роҳ мондан зарур меояд, ки баҳри расидан ба ин мақсадҳо Раиси тозаинтихоби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир аҳамияти махсус зоҳир намуда истодаанд.
Дар ҷаҳони муосир робитаю ҳамкорӣ аз шартҳои муҳими пешрафт буда, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳ­ри баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои байнипарламентӣ корҳои зиёдеро амалӣ намуда, дар рушду тавсеа бахшидан ба муносибатҳо байнипар­ла­ментӣ ва дар маҷмуъ дипломатияи парламентӣ бо кишварҳои хориҷии дуру наздик нақши муассир гузошта истодааст.
 
Оқилзода Наҷибулло – мушовири калони Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ИЖТ.

Илова кунед