Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид мегардад
07 Декабр 2020, ДушанбеИмрӯз таҳти раӣёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Мачлиси намояндагон баргузор гардид.
Дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ва Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Мисри Араб мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баромади Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади татбиқи муқарарроти Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ва амалисозии Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мукаммалсозии қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқгардонии ин самт бо меъёрҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон омода гардидааст.
Дар асоси ин таѓйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду моддаи нав, яъне моддаи 352 ва 771 илова карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки тартиби баррасӣ кардани мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тибқи моддаи 351Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» муайян карда мешавад. Амалҳои тафтишӣ бошанд, бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад, вале тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ин тартиб ба таври пайдарҳамии мантиқӣ ва фарогири ҳамаи масъалаҳое, ки иҷозати судро талаб менамояд, пешбинӣ нашудааст, ки дар амалия боиси аз рӯи шабоҳати қонун татбиқ кардани меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Аз ин рӯ, зарурияти пешбинӣ шудани меъёри махсус, ки тартиби гирифтани иҷозати судро оид ба гузаронидани амалҳои тафтишӣ муайян менамояд, ба миён омадаст. Аз ин лиҳоз, ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав,моддаи 352 (Тартиби гирифтани иҷозати суд барои гузаронидани амали тафтишӣ) илова карда мешавад.
Дар моддаи 57 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассис ҳамчун яке аз субъектҳои мурофиаи судии ҷиноятӣ нишон дода шудааст, ки фарогири мақсади ҷалб ва ҳуқуқу уҳдадориҳои мутахассис мебошад, вале масъалаҳои нишондод ва хулосаи ӯро ҳамчун далел дар бар нагирифтааст. Бинобар ин, дар лоиҳа ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудаин моддаи нав - «Моддаи 771. Хулоса ва нишондоди мутахассис» пешбинӣ шудааст.
Дар маҷмӯъ, лоиҳа аз 31 қисм иборат буда, тибқи он ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 моддаи нав илова, як боб дар таҳрири нав ифода ва ба 35 моддаи Кодекси амалкунанда таѓйиру иловаҳо дар назар дошта шудааст, ки асосан ин таѓйиру иловаҳо хусусияти меъёрӣ, моҳиятӣ, мазмунӣ ва услуби забони давлатӣ ба шумор мераванд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки бо мақсади густариши робитаҳои дуҷониба байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Мисри Араб Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Мисри Араб дар ҳайати панҷ нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил карда шуд.