Конференсияи илмӣ дар Маҷлиси намояндагон
22 Декабр 2020, СешанбеИмрӯз дар толори таърихии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 26-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Таҳкими Истиқлоли давлатӣ рисолати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Конференсияи мазкур бо ташаббуси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон баргузор шуда, дар он шахсиятҳои таърихӣ, собиқадорони ҳизб, вакилони мардумӣ ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии Раис Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир оғоз шуда, мавсуф нақши Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар муттаҳид гардонидани мардуми кишвар ва нақши ҲХДТ-ро дар рушди босуботи ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд. Аз ҷумла таъкид намуд, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳнамоиву ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб тавассути қабул ва амлигардонии Барномаҳои мукаммал тавонист дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони азизро гул гулшукуфон гардонад ва дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад».
Ҳамзамон ноиби раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода перомуни таърихи таъсис, омилҳо, заминаҳо ва шебу фарозҳои ҷодаи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баромад намуда, зикр карданд, ки ҲХДТ дар асоси ормонҳои миллӣ таъсис шуда, тибқи дастури Пешвои миллат барои рӯи кор омадани он низомнома ва оинномаи пешрафтатарин аҳзоби сиёсии ҷаҳон омӯхта шуданд ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо саҳифаҳои нав рӯи саҳнаи сиёсии Тоҷикистон омада, дар пешрафти соҳаҳои мухталиф нақши сазовор ифо намуд.
Дар конференсияи мазкур инчунин Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар мавзӯи «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омили таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» ва муовини якуми раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон Назирӣ Гулбаҳор Назир дар мавзӯи «Нақши беназири Пешвои миллат дар ташкил ва фаъолияти ҲХДТ» маърӯза намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз бузургтарин ва сернуфузтарин аҳзоби сиёсии Тоҷикистон буда, 26 сол муқаддам таъсис ёфтааст.