Вакилони Маҷлиси намояндагон бо ордену медалҳои ҷашнии Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ мукофотонида шуданд

23 Декабр 2020, Чоршанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992, Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи вазъи ҳуқуқии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002, Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002, Протоколи сеюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони мардумӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдулқодир, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Шоҳин, вакилони Маҷлиси намояндагон Усмонов Мансур, Азимзода Толибхон, Ашурзода Гулбаҳор, Наҷмиддиниён Файзулло ва Шарифзода Ғиёсиддин муаррифӣ намуда, роҷеъ ба тағйироту иловаҳои воридгардида ба лоиҳаи қонунҳо ибрози назар намуданд.

Ҳамин тариқ дар иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар фарҷоми иҷлосия Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода, муовинони Раиси ин мақоми олии қонунбарор Дилрабо Мансурӣ ва Қодири Қосим, Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Абдураҳим Холиқзода, Эмомалӣ Насриддинзода, Рустам Латифзода, Насиба Содиқӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон Ҳаёт Одиназода, Мирзоанвар Ахмедов, Ҷамшед Муртазозода, Мавлуда Мирзозода, Гулбаҳор Назирӣ, Зайниддин Сафаров, Равшан Раҷабзода, Мавзуна Шамсуддинзода, Гулбаҳор Ашурзода, Абдуҳалим Ғаффорзода, Сайҷаъфар Усмонзода ва Рустам Раҳматзода ордену медалҳои ҷашнии “Иттиҳод” “Нишони фахрӣ” ва “Ифтихорнома”-ҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар маросими тантанавӣ тақдим намуд.













Илова кунед