Муҳокимаи лоиҳаи қонуни мукаммал
24 Декабр 2020, ПанҷшанбеИмрӯз дар Китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар ҷиҳати муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин доир шуда, дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахассисони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар муҳокимаи Лоиҳаи Қонун ҳамчунин вакили Маҷлиси намояндагон Мирзоанвар Ахмедов маърӯза намуда, оид ба раванди эҷоди Қонун, тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонун ва таклифу пешниҳодоте, ки аз ҷониби олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва генетикии растаниҳо пешниҳод шуда аст, ибрози андеша намуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш, аз ҷониби вакилони мардумӣ ва олимону мутахассисон аснои муҳокимарониҳо перомуни такмили лоиҳаи қонун таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.
