Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт

28 Декабр 2020, Душанбе

Имрӯз таҳти раӣёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Мачлиси намояндагон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии санади мазкур таъкид карда шуд, ки мутобиқи моддаи 1 лоиҳа ба Кодекс ворид намудани тағйиру иловаҳое пешбинӣ шудаанд, ки дар баробари хусусияти муайянкунанда, мувофиқкунанда ва таҳрирӣ, ҳамзамон бештар хусусияти танзимкунанда ва мутобиқкунандаро доранд.
Тибқи қисми 1 лоиҳа дар тамоми матни Кодекс калимаи “реестр” ба калимаи “феҳрист” бо назардошти пасванд иваз карда шуда, “декларатсияи бори гумрукӣ” ба “декларатсияи гумрукии бор” иваз карда шуданд. Зимнан калимаи “декларатсия” бинобар талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, созмонҳои байналмилалии дахлдори дигар ва таҷрибаи  савдои байналмилалӣ боқӣ монда шуд.
Бо назардошти аз байн рафтани Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми ваколатдори фаъолияти гумрукиро ба зимма дошт, ба моддаи 6 тағйиру иловаҳои қуллӣ ворид шуда, ба Хадамоти гумрук имконияти иловагӣ барои бо вазорату идораҳои дахлдор қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷоя дода шудааст.Дар ин робита тағйиру иловаҳо ба моддаи 9 низ бо назардошти аз байн рафтани Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода гардида, иттилооти гумрукӣ мумкин аст ба мақомоти таҳқиқ низ пешниҳод карда шавад.             
Илова ба моддаи 7 аз иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бармеояд. Тибқи он манўияту маҳдудиятҳо, масалан эмбаргои эълоннамудаи Созмони Милали Муттаҳид, ки дар рўзи қабули декларатсияи гумрукӣ амал мекунанд, истифода бурда мешаванд.
Дар шароити глобализатсия, бахусус дар соҳаи савдои байналмилалӣ мафҳум ва истилоҳҳое ба миён омаданд, ки аз ҷониби бисёр давлатҳо айнан қабул шудаанд (аккредитив, инкотермс, сертификат, шакли ихтисори калимаҳо СИП, ДАФ, СПТ ва ғайра.) дар Кодекс пешбинӣ нашудаанд. Бо ин назардошт, моддаи 101 иловашаванда муайян кардааст, ки мафҳумҳои махсуси дигарва калимаҳои ихтисоршудаи аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Савдо,  Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук ва  созмонҳои байналмилалии дахлдори дигар расман қабулшуда, ки мақомоти гумрук дар робита ба узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо ва амалияи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ, аз ҷумла пур кардани ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ зарур, истифода мебаранд, мақбуланд.
Тағйирот ба моддаҳои 23, 42 ва 50 хусусияти таҳрирӣ ва мантиқӣ дошта, онҳо ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва “Дар бораи забони давлатӣ”мутобиқ карда шудаанд.
Дар таҳрири нав ифода ёфтани қисми 2 моддаи 37 ба субъект имконият медиҳад, аз низоми имтиёзнок ё низоми нисбатан мусоидаткунандаи миллӣ бархурдор гардида, маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андози пардохт намудаашро мувофиқи моддаи 397 баргардонад, ба шарте агар дар давоми то як сол кишвари истеҳсолкардаи моли вориднамудааш тасдиқи худро ёбад.    
Моддаи 48, ки хилофи қонунгузорӣ дарҷ шудааст, дар таҳрири нав ифода гардида, қисми 2 он  имконият медиҳад, ки шикоят нисбати қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мўҳлати даҳ шабонарўз аз лаҳзаи супорида шудани  нусхаи қарор ё гирифтани он пешниҳод карда шавад ва он бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.
Ба тағйиру илова ба моддаи 462 вазифаҳои мақомоти гумрук дар самти мубориза бар зидди экстремизм ва коррупсия дар доираи қонунҳои нав, яъне “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” ва “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” такмил дода шудаанд.

Илова кунед