Ҳайати нави Ташкилоти ибтидоии «Қонунгузор» интихоб гардид
28 Декабр 2020, Душанбе28 декабри соли равон, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон – «Қонунгузор» баргузор гардид.
Дар ҷаласа Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидов Фозил, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Муродов Ҷурабек, муовини раис - роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумъахон ва аъзоёни ҲХДТ дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд.
Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидов Фозил ҷаласаро ифтитоҳ намуда, фаъолияти Ташкилоти ибтидоии «Қонунгузор»-ро, ки солҳои зиёд аст, ки дар Маҷлиси намояндагон фаъолият дорад, таҳлил намуда, фаъолияти аъзоёни ин ташкилоти ҳизбиро муфид арзёбӣ намуд.
Бо чунин тарз Нуриддинзода Хушмуҳаммад бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Ташкилоти ибтидоии «Қонунгузор» озод ва ба ҷойи ў Оқилзода Наҷибулло Нуруллоӣ бо якдилии кулли аъзоёни ҲХДТ дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба вазифаи раиси Ташкилоти ибтидоии «Қонунгузор» интихоб гардид.
Доир ба интихоб намудани муовини раиси Ташкилоти ибтидоии «Қонунгузор» номзадии Эсанқулов Абдусамад ва котиби Ташкилоти ибтидоӣ номзадии Остонаева Шаҳноза пешниҳод гардид, ки якдилона дастгирӣ ёфтанд.
Пермуни интихоб намудани аъзои Раёсати Ташкилоти ибтидоии «Қонунгузор» исми Сабуров Абдулбасир, Атоев Муҳаммадиқбол, Нуруллозода Занҷира, Муъминов Аминҷон ва Бобоева Маҳбуба пешниҳоди аъзоёни ташкилот шуд, ки аз тарафи аъзоёни ҳизб якдилона пазируфта шуданд.
Бо ҳамин, ҷаласаи ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонунгузор» ба анҷом расид.
