Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» ба тасвиб расид
30 Декабр 2020, ЧоршанбеВакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Юсуфӣ М.», Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021»- ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Баъди бунёди корхонаи мазкур зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойҳои кории доимӣ ва музди меҳнати мувофиқ таъмин карда мешаванд. Иқтидори истеҳолии корхона имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохила пурра бо маҳсулоти миллӣ қонеъ гардида, қисми боқимондаи он ба давлатҳои ҳамсоя содирот карда шавад.
Дар маҷмӯъ, тасдиқи Созишномаи мазкур ба воридоти техника ва технологияи муосир, бунёди инфрасохтори замонавӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва хориҷӣ бо маҳсулоти саноатӣ, воридоти маблағ ба буҷети ҷумҳурӣ, бунёди рақобати солим дар соҳа ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, мусоидат хоҳад кард.