Вакилони Маҷлиси намояндагон дар мулоқот бо интихобкунандагон мавзӯъҳои муҳиму рӯзмарра тавзеҳ доданд

15 Январ 2021, Ҷумъа

Мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, истифодаи оқилонаю сарфакоронаи нерӯи барқ, истифодаи мақсаднокии заминҳои наздиҳавлигӣ, ёрирасон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии босъурати кишвар аз мавзуъҳое буданд, ки мо зимни мулоқот бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус ва Қубодиён шарҳу тавзеҳ додем.
Мулоқотҳои мо бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Қубодиён-31 якҷоя бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар Хайрулло аз 31 декабри соли 2020 то 9 январи соли 2021 сурат гирифт.
Дар мулоқоту вохӯриҳо бо мардум оид ба фаъолияти  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, Муроҷиатномаи Ширкати Холдингии Саҳомии Кушодаи “Барқи Тоҷик” ба мардуми кишвар ҷиҳати истифодаи оқилона, сарфакорона ва мақсадноки нерӯи барқ, муҳокимаҳои пармламентӣ вобаста ба рушди соҳаи саноат ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мавзуъҳои муҳиму рӯзмарра, аз қабили  омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Исиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳо дар самти иҷрои нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо,  мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, андешидани тадбирҳо вобаста ба дастгирии ҷавонон, занону духтарон аз ҷониби Ҳукумату давлат, амалишавии барнома ва Консепсияҳои  қабулгардида, инчунин вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории коронавирус «COVID-19» суҳбатҳо ороста шуданд.

Дар рафти вохӯриҳо интихобкунандагон доир ба мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартарафсозии онҳо, камбудиҳо дар фаъолияти баъзе сохторҳои маҳаллӣ, бахусус дар самти таъмини оби полезӣ изҳори андеша намуда, дар умум ҳамаи интихобкунандагон ва шахсони баромадкунанда ҷонибдории худро аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи барномаҳои Ҳукумати мамлакат изҳор доштанд.
Аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон низ доир ба масоили мавриди таваҷҷӯҳ ва ҳалли роҳҳои мушкилоти мавҷуда изҳори назар сурат гирифта, зикр гардид, ки бо назардошти имконоти мавҷуда дар ҳалли мушкилоти сокинон мусоидати амиқ карда хоҳад шуд.
 

Холбойзода Нематулло,

Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                          

Илова кунед