Мулоқоти Саидмурод Фаттоҳзода бо Гасан Маметзаде

15 Январ 2021, Ҷумъа

Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва Раиси гуруҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷамшед Муртазодзода бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гасен Маметзаде мулоқот намуданд.
Зимни мулоқоти судманду самимӣ таъкид карда шуд, ки  Парлумони Тоҷикистон ба густариши муносибот бо Ҷумҳурии Озарбойҷон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Зеро мардумони моро дӯстӣ ва арзишҳои муштараки фарҳангӣ ва расму ойин аз давраҳои қадим пайванд намудаанд.
Ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Озарбойҷон ба таври анъанавӣ ва дар рӯҳияи эҳтиром ва шарикии тарафайн густариш меёбад. Байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориҳо дар сатҳи байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, мисли СММ, САҲА ва ИДМ ба роҳ монда шудааст.
Кишварҳои мо ҳавасмандии худро барои дар оянда боз ҳам бештар ривоҷ додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла, дар бахши ҳуқуқ, тандурустӣ, кишоварзӣ, сиёсати чавонон, варзиш, туризм ва ғайра зоҳир менамоянд.
Дар мулоқот ҳамчунин зикр гардид, ки гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории парлумонҳои кишварҳои мо дар ин замина корҳои зиёдеро, пеш аз ҳама, дар самти тақвияти маҷмӯи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва мусоидати парлумонӣ барои таҳкими фаъолияти Комиссияи байнипарлумонӣ, махсусан дар бахши мавриди иҷро қарор гирифтани қарордод ва созишномаҳои имзошуда анҷом додаанд.
Мо Шуморо,-гуфт Саидмурод Фаттоҳзода ҳамчун сафири пурмуваффақтарнин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мешиносем ва ҳамеша бо неки ёд мекунем. Дар симои Шумо ба ҳама мардуми баору номуси Озарбойҷон муваффақияту комёбиҳо орзу менамоям.
Дар навбати худ дипломати Озарӣ  таъкид намуд, ки аз мулоқот бо Шумо, муҳтарам Саидмурод Фаттоҳзода ва Ҷамшед Муртазодзода аз таҳти дил хушҳолам ва ибрози хушнуди менамоям, ки дар кишваре чун Тоҷикистон софдилона ба нафъи ҳарду кишварҳои бо ҳам дусту бародар хизмат менамоям.
Сафир ҳамчунин иброз намуд, ки парлумон бавуҷудорандаи фазои ҳуқуқиву қонунӣ ҷиҳати густариши муносиботи кишвараш бо ҷумҳуриҳои дигар дар ҳамаи заминаҳо мебошад ва нақши намояндагони халқ дар беҳтар гардидани ҳамкориҳо бо дигар мамлакатҳо хеле муҳим ва арзанда аст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон ба марҳилаи нав ворид карда шуда, дар оянда барои тақвияти ин равобит тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Илова кунед