Аз иҷлосияи Маҷлиси намояндагон

20 Январ 2021, Чоршанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бо кор таъминшавӣ»,  Созишномаи грантӣ (маблағгузории беруна) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бо кор таъминшавӣ»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»,  лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони мардумӣ муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Шомуроди Рустам, вакилони Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ,  Равшан Раҷабзода, Раъно Бобоҷониён, Мавлуда Мирзозода, Саодатшо Матробиён ва Баҳриддин Зиёи муарифи намуданд.

Зимни баррасии масъалаи калидии рӯзнома-лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»  таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни зикршуда аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, бо мақсади мутобиқ намудани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Дар лоиҳаи Қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилиро ба миён меорад.

Бинобар ин, татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Зимнан, дар лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст.
Дар иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.



Илова кунед