Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд
03 Апрел 2020, ҶумъаИмрӯз дар китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини аввали Раиси Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, нахустин ҷаласаи вакилони узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Абдуҷаббор Азизӣ иброз намуд, ки вакилони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таъмини ояндаи дурахшони кишвар тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, баҳри таҳкими низоми қонунгузории кишвар тамоми неруи ихтисосии худро равона менамоянд.
Рӯзномаи ҷаласаи нахустини вакилони узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз масъалаҳои зерин: таъсиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон; интихоби Раиси Фраксия ва муовинони ӯ ва котиби фраксия иборат буд.
Дар ҷаласа Абдуҷаббор Азизӣ таъкид намуд, ки мақоми ҳуқуқии Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 52 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», боби 4 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 4 оинномаи ҲХДТ муайян карда шудааст. Зарурати таъсиси Фраксия, пеш аз ҳама, барои фаъолияти дастаҷамъона ва изҳори мавқеи ягонаву ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба масъалаҳое, ки Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд, амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии ҳизб асоснок карда мешавад, - изҳор намуд Абдуҷаббор Азизӣ.