Вакилони Маҷлиси намояндагон мавзӯъҳои муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд

04 Феврал 2021, Панҷшанбе

Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат бахшида ба мавзӯи «Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, нақши он дар ҷомеаи муосир» баргузор гардид.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода зимни баромади хеш иброз намуд, ки «Инқилоби иттилоотии солҳои охир, ки онро рушди бесобиқаи шабакаҳои иттилоотии трансмиллӣ ва пайдоиши интернет таҳрик доданд, ба халалдор гардидани фазои иттилоотиву фарҳангӣ ва арзишҳои суннатии давлатҳо ва миллатҳои гуногуни ҷаҳон оварда расонидаанд. Имрӯз маҳфумҳои наве мисли ҷанги иттилоотӣ ва таҳмили тақоиду ҷаҳоншиносии сунъӣ арзи вуҷуд намудаанд, ки ҳадафи аслиашон бо роҳи ташкили инқилобҳои ранга, роҳандозии нигилизми сиёсӣ ва ташкили низоъҳои нарм дар байни омма, ба даст гирифтани қудрат дар харитаи нави сиёсии ҷаҳон аст.»
Саидмурод Фаттоҳзода ҳамчунин иброз намд, ки бо рушди технологияи иттилоотӣ дар кишвари мо солҳои охир имконоти нав барои таъсиси воситаҳои иттилоотии хусусӣ ва гурӯҳӣ пайдо мешаванд. Бахши иттилоот дар ҷомеа ба воситаи хеле қудратманди таъсиррасонӣ ва ташаккули маърифати ҷамъиятӣ табдил меёбад, ки ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар сохторҳои ҷомеа таъсири бузург мерасонад. Дар ин замина журналистика ба ҳайси муҳимтарин сарчашмаи иттилоот ба яке аз рукнҳои асосии системаи сиёсии давлат ва воситаҳои муҳими идоракунии он, ташаккули маърифати ҷомеа ва афкори омма мегардад, ки мо инро бояд ҳамеша мавриди назар дошта бошем.


Дар назди ҳозирин ҳамчунин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Рано Бобоҷониён дар мавзӯи «Тамоилҳои нав дар воситаҳои ахбори омма ва корбари бо он» баромад намуд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон Насиба Содиқӣ, Гулбаҳор Назирӣ ва Гавҳар Шарофзода дар анҷоми семинар-машварат  андешаҳои ҷолиб ва пешниҳодҳои мубрамро ба диққати аҳли нишаст манзур намуданд.




 
 

Илова кунед