Бахтовар Сафарзода дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷикон баромад намуд
05 Феврал 2021, ҶумъаДар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Руссия ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷикони муқимӣ вилояти Ленинград баргузор шуд.
Дар мулоқот Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳомидҷон Назарӣ, намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шодибой Тураев ва дигар масъулин ширкат варзиданд.
Зимни мулоқот Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Ҳомидҷон Назарӣ иброз намуд, ки ҳамаи кормандони консулгарӣ дар ҳар лаҳза омодаанд, ки ба ҳамватанон дар ҳама масъалаҳои ба миён омада кумак расонанд. Риояи қонунҳои Федератсияи Руссия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекунанд, аҳамияти калон дорад. Мо,-гуфт- Ҳомидҷон Назарӣ бояд ҳамеша барои дигарон намунаи ибрат бошем ва фарҳангӣ баланд дошта бошем.
Намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода дар баромади худ ба ҳозирин роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии кишварамон ибрози андеша намуд. Ҳукумати Тоҷикистон,-гуфт Бахтовар Сафарзода, дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ намуд.
Бахтовар Сафарзода ҳамчунин иброз намуд, ки имрӯз бо ҷавононе кор бурдан лозим аст, ки набояд ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил шаванд.
Сипас, дар ҷаласа нақшаи кори Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷикон дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград барои соли 2021 тасдиқ карда шуд.