“Терроризм ва экстремизм-таҳдид ба амнияти кишвар, минтақа ва ҷаҳон” мебошад
10 Феврал 2021, ЧоршанбеАсосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, ки солҳои охир дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон густариш пайдо кардааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир меамоянд.
Дар Паёмҳо терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср, ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда истода, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ ба миён оварда таъкид карда мешавад, ки Паёми имсола низ аз ин холӣ набуд.
Махсус бояд қайд намуд, ки баҳри иҷрои қонунгузорӣ ва муқовимат ба терроризму экстремизм Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 ноябри соли 2016, “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” амал мекард, ки дар асоси он аз тарафи мақомотҳои дахлдор дар ин самт корҳои зарурӣ бурда мешуданд.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат низ як силсила фикру мулоҳизаҳое карда шуданд, ки аҳаммияти байналмилалӣ дошта, ба ҳифзи дини мубини ислом ва аз байн бурдани мухолифатҳо дар ҷабҳаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ равона шуда буданд.
Бинобар ин дар Паёми имсолаи Президенти кишвар бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки лоиҳаи нави “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва эктремизм барои солҳои 2021-2025”-ро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.
Ҳамзамон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам баҳри иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат амал карда истода, дар асоси маълумотҳои дахлдор ҳамасола бо даъвати субъектони муқовиматкунандаи самти мазкур соатҳои парламентӣ ва муҳокимаҳои парламентӣ доир карда, ҳисоботҳои мақомотҳоро шунида, барои боз ҳам вусъат бахшидан ба фаъолияти онҳо дастурҳои дахлдор медиҳад, ки таҷрибаи бениҳоят хуб ба шумор меравад.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб, ки ҳамасола барои боз ҳам тақвият бахшидан ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самтҳои мазкур ва дар таҷриба амалӣ намудани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйироту иловаҳо ворид мекунад ва ё онҳоро дар таҳрири нав мавриди баррасии худ қарор медиҳад, то онҳо ба мақомотҳои дахлдори муборизабарандаи самти мазкур ёрии амалӣ расонад.
Чунончӣ, дар давраи 6 соли охир ба қонунҳои самти мазкур 10 маротиба ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст, ки нисфи зиёдаш ба ҳамин меъёрҳо мебошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба экстремизм" бошад, аввали соли 2020 дар таҳрири нав қабул карда шуд.
Ғайр аз ин Маҷлиси намояндагон барои ҳамкорӣ намудан дар сатҳи байналмилалӣ дар ин самт ҳамкориҳоро бо Ассамблеяи Байнипарлумонӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, дар солҳои охир як қатор Созишномаҳо ва Протоколхоро дар сатҳи зарурӣ омода ва қабул кардааст, ки баҳри фаврӣ ба роҳ мондани муносибатҳои дутарафа ва бисёртарафаи мақомотҳои муборизабаранда ва муқовиматкунандаи терроризму экстремизм мусоидат карда истодааст.
Бояд қайд намуд, ки пеш аз оне, ки дар бораи ягон мушкилот суханварӣ намоем, сараввал бояд донист, ки мавзӯи суҳбати доир карда, мазмуну маънои он дар чӣ зуҳур мегардад, яъне бояд донист, ки маънои ҳамин ҳаракатҳои номатлуб аз чӣ иборат аст, сипас роҳҳои муқовимат ва пешгирии онро дар сатҳи зарурӣҷӯст.
Аз ин рӯ мо бояд мазмун ва таркиби чунин амалҳои номатлубро ба пуррагӣ донем ва сабабу омилҳое, ки боиси содиргардии чунин ҷиноятҳои махсусан вазнин мешаванд, сарфаҳмо равем.
Албатта дар бораи чунин зуҳуроти номатлуб сухан гуфтан, ибрози ақида намудан дар ҷомеаи шаҳрвандӣқариб, ки ҳамарӯза ҳис карда мешавад, ки ин албатта ақидаи шахсии ҳар як фарди ватандӯсту миллатдӯст мебошад, вале дар бораи чунин амалҳо ягон санади меъёрии ҳуқуқиро надониста, сари масъала иброз намудани ақидаҳои холис бояд дар мадди назари ҷомеаи шаҳрвандии имрӯза бошад.
Махсус бояд қайд намуд, ки дар таҷрибаи кории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие истифода ва риояву иҷро карда мешаванд, ки донистани ҳар як фард зарур аст.
Чунончӣ, дар ҷумҳурӣҚонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикисон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, “Дар бораи муқовимат бо экстремизм”, “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом“, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар сохторҳои мақомотҳои корҳои дохила, амнияти миллӣ ва дигар субъектони муборизабаранда ва муқовиматкунанда амал мекунанд.
Чунончӣ, дар ҷумҳурӣҚонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикисон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, “Дар бораи муқовимат бо экстремизм”, “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом“, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар сохторҳои мақомотҳои корҳои дохила, амнияти миллӣ ва дигар субъектони муборизабаранда ва муқовиматкунанда амал мекунанд.
Мувофиқи талаботҳои қонунгузории ҷорӣ терроризм - яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо, мебошад.
Экстремизм бошад, ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳизӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намуданимасъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда мебошад.
Фаъолияти экстремистӣ - фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ,иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳоиахбориоммаёташкилотҳои дигар, аз ҷумласозмонҳоибайналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣҷиҳати бо роҳи зӯроварӣғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шуда мебошанд.
Акнун савол ба миён омаданаш мумкин аст, ки барои чӣҳар як фарди ҷомеа бояд аз талаботҳои чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бархӯрдор бошанд, ки сабабҳои худро доранд ва роҳҳои шомилгардии ҷавонону наврасон ба чунин гуруҳҳо ҳам аз ҳамин иборат аст.
Сабабҳои асосие, ки дар солҳои охир боиси тезу тунд шудани вазъияти ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва дар ин замина содир гаштани чунин ҷиноятҳо гаштаанд инҳо мебошанд;
-Оқибатҳои задухӯрдҳои яроқноки дохилии солҳои 1991 то 1993 идома ёфтани он то солҳои 2000 дар ин замина зиёд гаштани гурезаҳо дар хориҷи кишвар ва хатари таҳдид ба кишвар аз тарафи онҳо, алалхусус дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар давлатҳои исломӣ,
-Оммавӣ ва ғайриқонунӣҷалб гаштани ҷавонон ба донишкадаҳо ва ё мактабҳои динӣ дар ҳудуди Ҷумҳуриҳои исломӣ ва дигар давлатҳои хориҷӣ, дар он ҷо беназорат ғайр аз таълимоти динӣ ба таълимоти ҳарбӣ фаро гирифтани онҳо ва фавран тариқи падару модар ва мақомотҳои дахлдор то ба охир ба ҷумҳурӣ барнагардонидани онҳо,
-Аз ин ҳодисаҳо бехабар мондани муассисаҳои таълимӣ, дар натиҷа паст гаштани таълиму тарбияи ватандӯстӣ,
-Бештар ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар шудани шаҳрвандон, алалхусус ноболиғону ҷавонон, бесаводии динӣ ва паст будани маърифати ҳуқуқӣ,
-Ҳамсарҳад будан бо давлатҳои исломӣ, расидани таъсири ташвиқоти динӣ, боз будани сарҳадҳо дар баъзе минтақаҳо дар дохили давлатҳои хориҷӣ, муқаррар шудани трафики гузаронида бурдани чунин нафарон ба воситаи сарҳадҳои давлатии дар хориҷи кишвар,
-Дар ҳамин давлатҳо пайдо гаштани баъзе гуруҳҳои хусуматдоштаи яроқнок, бо номи “лагерҳои мухолиф”
-Кӯшиши тезу тунд намудани вазъият дар муассисаҳои ислоҳӣ, дар ин замина аз байн бурдани рақибон ва нафарони талаби роҳбарони мухолифро дастгирӣ накарда,
-Муддати тӯлонӣ дар ҳудудҳои кишвар пайдо шудани ячейкаҳои мавқуфбуда,
-Беназорат шудани вазъият дар бозор ва ё трафики муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъадор ва силоҳи оташфишон,
-Паст нагашта истодан шумораи истеъмолкунандагони маводҳои нашъадор, алалхусус дар байни ҷавонон ва ноболиғон,
-Дар марказҳои дилхушии шаҳру ноҳияҳо бештар бе назорат ҷалб гаштани наврасону ҷавонон,
-Дар дасти ноболиғону ҷавонон бештар будани воситаҳои техникӣ аз ҷумла, смартфонҳо, телефонҳо ва ғайра, истифодаи васеъ ва бемаҳдуду беназорат аз чунин воситаҳо, дохил шудан ба сайтҳои ғайриқонунӣ истифодашавандаи ҳамин воситаҳои техникӣ, ки сарпарастони гуруҳҳои мазкур доимо онро истифода менамоянд, мебошанд.
Дар ин замина ба таҷрибаи кории худ такя карда, ба мисоли дар ноҳияи Қубодиён дар солҳои 2010-2011 шуда гузашта рӯ оварда, қайд менамоям, ки танҳо аз рӯи як навори видеоии дар ҳамаи сайтҳои интернетӣ паҳн кардаи тарафдорони «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқҲаракати Исломии Ӯзбекистон), ҷавонон аз ин ноҳия, баъзеҳо бо ҳамсарони худ ба Ҷумҳурии Исломии Афонистон барои ҳамроҳ шудан ба ин гуруҳ сафарбар шуда, як қаторашон дар он ҷо ба ҳалокат расида, як қаторашон аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, ба ҷазо маҳкум карда, бархе аз онҳо дар Федератсияи Россия муайян ва зери кофтуков қарор дода шуданд.
Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, тахминан 80 дарсади тоҷикистониёни дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ иштироккунанда собиқ муҳоҷирони меҳнатӣ ва ё нафароне мебошанд, ки аз ҳудуди Федератсияи Россия ба ин давлатҳо рафтаанд ва ё дар хориҷи кишвар таҳсилоти ғайрниқонунии диниро касб кардаанд.
Зеро, муҳоҷирони меҳнатӣ чун қоида аз рӯи синну сол ҷавон буда, оид ба арзишҳои умумибашарии дини мубини Ислом маълумоти кофӣ надоранд, бар замми ин аз талаботҳои қонунгузории ҷории дар боло оварда бархӯрдор набуда, маърифати ҳуқуқиашон коста аст ва маҳз ҳамин ҳолатҳо боиси фирефта шудан ва ба доми созмонҳои террористӣ афтодани онҳо шудааст. Маҳз бо истифода аз ҳамин омил гуруҳҳои ифротгаро ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд.
Дар ин робита, беш аз дигар ҳаракатҳои ифротӣ, амалҳои даҳшатафкании гуруҳи террористии ба ном «Давлати исломй» боиси нигарони иаҳли башар гардидаанд.
Таҷриба инчунин нишон дод, ки шомилшавии бархе аз ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ аз фаро гирифтан ба таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷии кишвар сарчашма мегирад.
Ҷалб намудани ҷавонон ба таълимоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар чун қоида яке аз марҳилаҳои ибтидоии шомил намудан ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ буда, онҳо сараввал барои гирифтани таълимоти динӣ ба кишварҳои хориҷӣ, сафар намуда, дар он ҷо ғайр аз таълим дар марказҳои машқҳои ҳарбӣҷалб гардида, ба амалиётҳои ҷангӣ дар сафҳои ташкилотҳои террористӣ сафарбар карда мешаванд.
Дар ин раванд тибқи дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муваззаф гардида буданд, ки ҷиҳати пурра ба Ватан баргардонидани донишҷӯёни ғайрирасмӣ дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва ворид намудани онҳо ба низоми таҳсили ватанӣ ва ҷалби онҳо ба меҳнат тадбирҳои мушаххас андешанд. Вале қисме аз толибилмони ба Ватан баргашта, бинобар бо ҷои кор ва ё таҳсил фаро нагирифтан дуюмбора барои идомаи таҳсил ба хориҷи кишвар рафтаанд.
Боз аз таҷриба дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар (собиқҚӯрғонтеппа) қайд менамоям, ки соли 2011 айбдоршавандае дастгир карда шуд, ки худ дар чунин мактабҳои ғайрирасмии динӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сабақи ғайриқонунии динӣ гирифта, бозпас гашта, дар кӯчаи Кайҳоннавардони ин шаҳр аз фарзандони ноболиғи сокинони ин маҳал як гуруҳ барои омӯзиши ғайриқонунии динӣ ташкил карда, дар рафти омӯзиш ба ноболиғон ба воситаи асбобҳои гуногун зарарҳои ҷисмонӣ мерасонид, ки дастгир карда, ба ҷазо маҳкум карда шуд. Дар рафти тафтишот аз ӯ муайян карда шуд, ки ҳангоми омӯзиши ғайриқонуниии динӣ дар кишвари ҳамсоя нисбаташ чунин усули асримиёнагӣ итсифода карда мешудааст вай бошад, барои ҳамин аз ноболиғон қасд гирифтааст.
Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки ҳолати мазкур аз тарафи мақомотҳои дахлдор бори дигар мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода шавад.
Ҷиҳати муқовимат намудан ба экстремизм ва терроризм, мубориза бар зидди созмонҳои фаромилии ифротӣ мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ тибқи қонунгузории амалкунанда, мунтазам дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолияти ҳаматарафа бурда, натиҷаҳои онҳоро таҳлил ва ҷамъбаст карда, чораҷуӣ менамоянд.
Маводҳои мавҷудаи мақомотҳо нишони онанд, ки дар натиҷаи маҷмуи чораҳои андешида сатҳи шиддатнокии шомил гаштани шаҳрвандони кишвар ба ташкилоти фаромиллии террористӣ ба хусус бо ном «Давлати исломӣ» назар ба солҳои пешин тамоюли пастшавиро гирифтааст.
Вале набояд форомӯш кард, ки дар дохили кишвар низ афзоиши фаъолнокии чунин гуруҳҳо, ки ба халалдор сохтани зиндагии орому осудаи сокинони кишвар даст мезананд, ба назар мерасад, ки аз ин ҳодисаи соли 2015 ва баъдии дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби хоинону душманони давлат ва миллати тоҷик даст задан ба амалҳои террористӣ ва халалдор намудани оромии кишвар тасдиқи ин гуфтаҳо мебошанд.
Кирдори нангини хоинона аз ҷониби ин гурӯҳҳои террористӣ тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезӣ шуда буд, хушбахтона ин мақсади нопоки хиёнаткоронаи онҳо ва хоҷагони хориҷиашон бартараф карда шуд, вале ин ҳамлаҳои террористӣ номи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ баъди ин қадар дастоварду пешравиҳо доғдор сохт.
Ҳизби наҳзати исломӣ дар Оинномаи худ мақсадҳои худро ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ якпорчагӣ ва тамомияти арзӣ, истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣдар Тоҷикистон қаламдод карда бошад ҳам, аммо дар амал фаъолияти он ба сиёсигардонии ислом ва истифода аз номи ин дини муқаддас равона кард ва то ҳоло карда истодааст.
Дар асоси қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ- экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.
Ҳизби наҳзати исломӣ, ки имрӯз роҳбарони он дар Аврупо бо гирифтани корти гурезагӣ паноҳ бурдаанд, чорабиниҳо бар зидди кишвари мо баргузор намуда, тавассути сомонаҳои интернетӣ ақидаҳои нопоки худро паҳн менамоянд.
То ба имрӯз аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти қариб 20 ҳизбу ҳаракатҳо, равияҳо ва созмонҳо ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст, ки инҳо; «Ал-Қоида», «Ҳаракати Исломии Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқҲаракати Исломии Ӯзбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Ташкилоти Бародарони Мусулмонон», «Ташкилоти Лашкари Тайиба», «Гуруҳи Исломӣ (Ҷамъияти Исломии Покистон)», «Ҷамъияти Таблиғ», «Ташкилоти динии миссионерии Созмони Таблиғот (Даъват ба Ислом)», «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-таҳрир», Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ», Ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24», Равияи динии «Салафия», «Давлати Исломӣ», «Ҷабҳат-ан- Нусра» ва «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва ғайра мебошанд.
Ҳар кадоми ин ҳизбу ҳаракатҳо ба худ Оиннома, нақша дораду амале кардан мехоҳад, вале агар касе аз онҳоро дар роҳи ҳақиқат рафтан ҳидоят кунад, онгоҳ гуфтаҳоеро мешунавед, ки гӯё вай шаҳрванди давлати мо нест ва ё мусулмон нест.
Ҳангоми дар вазифаи прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолият кардан аз рӯи иҷрои вазифа мунтазам дар муассисаҳои ислоҳӣ вохӯриҳо доир карда, оиди даст кашидан аз фикру ақидаҳо аз аъзоёни чунин ҳизбу ҳаракатҳо пурсон карда мешуд, ё худ натиҷаи пешбурди фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати аъзоёни фаъоли ин гуруҳҳои ифротгаро ҳамасола то 4-5 парвандаҳои ҷиноятӣ оиди такроран содир намудани ҷиноятҳои мазкур оғозу тафтиш карда, барои баррасии судҳо ирсол кардаем, ки ҳамаашон ба ҷазо маҳкум карда шудаанд. Ҳангоми гузаронидани чунин амалиётҳо оиди гаштан аз ақидаҳои худ аз онҳо талаб мекардем, , ҳатто сабук гаштани ҷазоро мефаҳмонидем, аммо дар ҷавоб мегуфтанд, ки “Мо ё Хилофат ташкил мекунем ва ё дар ҳамин роҳ шаҳид мешавем”, ҳол он, ки аз як оила якчанд нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буданд.
Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳоло ҳам баъзе афроди ҷомеаи мо ба қадри сулҳу Ваҳдати миллӣ намерасанд ва бо маблағи бегонагон ба ташвиқи бегонапарастӣва фарҳангу мазҳаби ғайр, гумроҳ намудани мардум ва ноором кардани вазъи орому осудаи кишварамон даст мезананд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ба ҳимояти дини ислом, нораво будани нисбат додани ин дини мубин ба терроризм ва экстремизм ва ҳамзамон доир ба оқибатҳои нодида гирифтани хатари терроризм ва бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳуввият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ баромад карданд.
Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухурдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, омилҳои номатлуби терроризм ва экстремизм, ки барои амнияти давлат ва миллати мо хавф эҷод мекунанд, ҳамкории муштаракро бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда, чун гуфатаҳои Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳушёрӣ ва зиракиии сиёсиро аз даст надода, мубориза барем.
Толиб Азимзода
Муовини раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ,
мудофиава амнияти Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон