Табрикот ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 Феврал 2021, Душанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи ин мақоми олии қонунбарори кишварро ба ифтихори солгарди навбатии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ ва дар адои хизмати ҳарбӣ ба манфиати Тоҷикистон муваффақиятҳо орзу намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни табрикоти хеш чунин иброз намуд: 
 « Лозим ба ёдоварист, ки 28 сол барои бунёди артиши тавоною озмоишдида мӯҳлати кӯтоҳ аст, вале давлати мо зери Сарварии Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин муддат дар ин ҷодаи пуршебу фароз ба дастовардҳои назаррас ноил гашт ва ин албатта самараи хизмати софдилонаю содиқонаи фарзандони баору номуси Тоҷикистони азиз аст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳануз дар ҷашни 10-солагии ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд: "Хизмат кардан ба Ватан, аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад".  
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи истиқололияти давлатӣ буда, ҳимоятгари воқеии истиқлолияти Ватан, амнияти кишвар ва сулҳу суботи мамлакат мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои боз ҳам баланд бардоштани қудрати мудофиавии кишвар тамоми чораҳои лозимаро меандешад.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993 бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ— Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи  Олии қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст.
Натиҷаи заҳмату хизматҳои ҳомиёни далеру шуҷои Ватан мебошад, ки имрӯзҳо мардуми шарифи кишвар санаи таърихии таъсисёбии қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани озоду соҳибихтиёрамон таҷлил мекунанд.
Ман изҳори умед менамоям, ки ҳомиёни Ватан бо садоқати бепоён нисбати давлату миллат минбаъд низ баҳри таҳкими интизоми ҳарбӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва баланд гардидани  қобилияти ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва иқтидори мудофиавии кишвар талош хоҳанд кард.
Бо истифода аз фурсат, ба ин муносибат ҳар яки Шумо-ҳозирини арҷмандро  самимона табрик гуфта, бароятон саломативу хушбахтӣ ва рӯзгори осударо таманно дорам.
Бигзор дар Тоҷикистони маҳбубамон, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ абадиву пойдор бошад».

Илова кунед