Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Рефик Шабанович
22 Феврал 2021, Душанбе“Шарафёбам Шуморо ба муносибати оғоз гардидани фаъолиятатон ҳамчун Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Хорватия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намоям.
Умедворам фаъолияти Шумо ба симмати Сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар хидмат хоҳад кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи барқарор ва рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои аврупоӣ, ки давлати Хорватия дар байни онҳо мақоми хоса дорад, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд”.
Ин матлабро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни мулоқоташ бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Хорватия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рефик Шабанович имрӯз баён намуд.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба густариш ва рушди муносибатҳои дӯстонаи ду давлати дорои манфиатҳои муштарак, аз он ҷумла муштараки сиёсӣ, таваҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.
Мо, -гуфт Маҳмадтоир Зокирзода,- қодирем муносибатҳои намунавии дӯстонаро таъмин намоем ва ҳамаҷониба тақвият бахшем.
Масоили таҳким ва густариши ҳамкории ду кишвар зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич ба Тоҷикистон 23-25 майи соли 2009 асос мегирад.
Нахуст дар мулоқоти хосаи Сарони ду давлат масоили рушд ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо зимни мулоқотҳои хоса ва гуфтушунидҳо бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб матраҳ гардиданд ва ба имзо расонидани як қатор созишномаҳои ба ҳарду ҷониб судманд хусни хотима ёфтанд.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки ҷониби Тоҷикистон бар он ақида аст, ки потенсиали бузурги ҳамгироии иқтисодие, ки Иттиҳоди Аврупо дорост, моро имконият медиҳад, то дар ин самт фаъолиятамонро ба ҳайси яке аз ҳадафҳои асосии минбаъдаи худ муайян намуда, ба пешбурди робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодиву тиҷоратиамон такони тоза бахшем.
Соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, хусусан саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия, сохтмон, илму техника, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва туризм аз самтҳои ояндадори ҳамкории ҳарду кишвар ва ҳам аз ҳамкориҳои афзалиятноки мо бо Иттиҳоди Аврупо мебошанд.
Махсусан робита дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу иттилоот, бехатарии экологӣ зербиное мебошанд, ки барои ба роҳ мондану густариш додани ҳамкориҳо дар дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим шароити мусоидро фароҳам меоранд.
Махсусан робита дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу иттилоот, бехатарии экологӣ зербиное мебошанд, ки барои ба роҳ мондану густариш додани ҳамкориҳо дар дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим шароити мусоидро фароҳам меоранд.
Он ҳам тақозои замон аст, ки имрӯз мо ба масоили тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои башардӯстонаву фарҳангӣ таваҷҷӯҳи рӯзафзун зоҳир намоем.
Раиси парлумони касбии мамлакат роҷеъ ба масоили ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ибрози назар намуда, изҳор доштанд, ки ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкори Маҷлиси намояндагон бо Парламенти Ҷумҳурии Хорватия (Хорватский сабор) дар ҳоли таъсис қарор дорад ва баъди тасдиқ ёфтани ин гурӯҳи байнипарламентӣ ҳамкорони хорватии мо огоҳ карда мешаванд.
Таъсис додани гурӯҳи мазкур ба фоидаи ҳарду ҷониб буда ҷиҳати ҳарчи бештар рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнипарламентии мо хизмат хоҳад кард.
Бо истифода аз фурсат бори дигар рағбати содиқонаи маро баҳри фаъолияти муштарак ҷиҳати таҳкиму тақвияти равобити ду кишвар ва инкишофу шукуфоии онҳо иброз медорам,-гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар мулоқот ҳамчунин аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
