Иқдоми навбатии вакил
22 Феврал 2021, ДушанбеБо ташаббуси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ беш аз як километр роҳи марказии деҳаи Муҳоҷирободи Ҷамоати деҳоти Дарқад, ки солиёни зиёд бетаъмир мондаву барои гузаштан монеа эҷод мекард, шағалпӯш гардид.
Вакил тасмим гирифтанд, ки аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ беш аз 90 куб шағал харидорӣ намуда, роҳро таъмир намоянд.

Аз ин амали хайру савоб сокинону меҳмонон, алалхусус ронандагон шоду мамнун гардида, ба вакили мардумӣ арзи сипос карданд.
Аз ҷумла, сокини деҳаи Муҳоҷиробод Юсупов Ғоибназар самимият ва миннатдории сокинони деҳаро ба вакил расонида, ин амали хайрхоҳонаро беҳтарин туҳфа ба аҳли деҳа дар солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» арзёбӣ карда, иброз намуд, ки дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ ва омодагиҳо ба таҷлили ҷашни бузурги умумимилиамон, 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ чунин корҳои ободониву созандагӣ бисёр саривақтӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки ин иқдоми аввалини Раҳмонзода Зоир Файзалӣ набуда, мавсуф дар оғози пайдоиши пандемияи короновирус Ковид – 19 дар Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоату муассисаҳои тиббии ҳудуди ҳавзаи Фархор 34 кумаки бевоситаи худро расонида буданд.

Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ХАБАРҲО АЗ WWW.PRESIDENT.TJ
-
25.02.2021
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо
-
23.02.2021
Мулоқот бо Вазири кишварии (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ
-
23.02.2021
Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон