«Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо амалҳои терроризми ҳастаӣ» мавриди баррасӣ ҳамаҷониба қарор гирифт.

25 Феврал 2021, Панҷшанбе

Дар шаҳри Душанбе бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии дафтари зиддитеррористии Созмони Милалӣ Муттаҳид (UNOCT)  тавассути  Маркази зиддитеррористии хеш онлайн конференсия, дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид.  
Дар ҷаласаи мазкур –«Лоиҳа оид ба ҷаҳонисозӣ ва татбиқи муассири Конвенсияи  байналмилалӣ оид ба мубориза бо амалҳои терроризми ҳастаӣ» мавриди баррасӣ ҳамаҷониба қарор гирифт.
Лоиҳаи мазкур дар ҳамоҳангӣ бо дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад.

Баромадкунандагон зимни баромади хеш иброз намуданд, ки  Конвенсияи мазкур яке аз 19 санади ҳуқуқии байналмилалие мебошад, ки барои ҷахонишавии режими ҳуқуқӣ бар зидди терроризм заруранд. Аз ин лиҳоз, лоиҳаи мазкур ба таҳкими ҳамкорӣ миёни парлумонҳои миллии кишварҳои аъзо ва Иттиҳоди  байнипарлумонӣ ҷиҳати риояи Конвенсия ва  татбиқи муассири он мусоидат мекунад.
Аъзои парламентҳои миллӣ, ҳамчун ашхоси қонуну сиёсатгузор ва роҳбарони ҷомеа, дар таъмини иҷрои қатъномаҳои Маҷмаи Умумӣ ва Шурои Амнияти  СММ оид ба мубориза зидди терроризм нақши муҳимро мебозанд.
Тоҷикистон Конвенсияи болозикрро имзо карда, вале ба тасвиб нарасонидааст. Бинобар ин зарурати барпо намудани чунин брифинги маҷозӣ  ба вуҷуд омадааст.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин таъкид карда шуд, ки баргузории ҷаласаи душанбегӣ далели равшани ҳамкориҳои байни Тоҷикистон ва Созмони Милалӣ Муттаҳид (UNOCT)  мебошад, ки ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон мебошад.

Илова кунед