Модар ҳастии ҷомеа ва мояи зиндагист
04 Март 2021, Панҷшанбе“Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузуги ҷомеа эътиммоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир мо масъул хастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадар намоем”
Эмомалӣ Раҳмон
Бале, Зан – Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебои рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин муррабӣ мебошад. Модар аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш меомӯзад. Беҳуда нагуфтаанд, ки волотарин гавҳари дунё танҳо модар аст. Чуноне Низомии Ганҷавӣ дар мавриди мақому манзалат ва бузургии модар гуфта буд:
Ҷаннат, ки ризойи мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Хоҳӣ, ки ризойи ҳақ биҷӯйӣ,
Он кун, ки ризойи модарон аст.
Ҳар сол дар аввалҳои фасли баҳор, дар давраи аз нав зиндашавии табиат, дар даврае, ки гулу себарга акнун аз замин сар мезанад ва дар арафаи соли нави аждодӣ, яъне ҷашни Наврӯз, Занону-Модарон, иди худро бо дили шоду чеҳраи хандон истиқбол мегиранд, ки ин худ нафосату поксириштӣ, зебоӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба зан – модар аст. Модар ягона мавҷудест ки инсон меофарад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғуши гарми пурмеҳри худ мепарварад ва тавре, ки бузургон гуфтаанд, бо як даст гавҳора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Агар хоҳед, ки андозаи пешрафти миллатеро бидонед, ба занҳои он миллат бингаред. Агар зан намешуд, нобиғаҳои ҷаҳонро ки мепарварид? Шоири ширинкаломи мо Мирзо Турсунзода фармудааст:
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.
Зан агар моро намебахшид умри бардавом,
Бетахаллус, бенасиб, беном мемондем мо.
Гар намедидем мо аз кӯдакӣ оғӯши гарм,
Аз муҳаббат бехабар, ноком мемондем мо.
Гар ба чашми мо намедӯшид модар шири хеш,
Кури модарзод дар айём мемондем мо.
Гар намеомӯхтем аз зан раҳу расми адаб,
Бадгуҳар, бадзод, бадфарҷом мемондем мо,
Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд.
Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо,
Гар каломи аввалин аз зан намеомӯхтем,
Лаб фурӯ баста ҳама чун лом мемондем мо.
Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем,
В-арна чун санги сари аҳром мемондем мо.
Дар асл модар асоси ҷомеа ва мояи зиндагист. Муқадастар аз модар мавҷудоте нест. Дили бузург дорад, дар дилаш ҳамаро меғунҷонад ва бо меҳр мепарварад. Гавҳораи фарзандашро меҷунбонад ва барояш суруди “Алла”-ро замзама мекунад. Чи қадар дилнишину зебост “Алла”-и модар. Устоди ширинбаён шодравон Лоиқ Шералӣ дар “Модарномаи худ овардааст”:
Шири модар аз таровишҳои хуни ҷигар аст.
Модаронро з-ин сабаб сӯзиши дил дигар аст.
Барои баланд бардоштани маърифату фарҳанги оиладорӣ, таълиму тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақил, саҳми модарон беандоза зиёд аст. Модар бо як меҳру муҳаббат фарзандонро тарбия намуда, ба воя мерасонад. Чуноне, ки Устоди каломи бадеъ - Мирзо Абдулқодири Бедил гуфтаанд:
Ба меҳри модари гетӣ макаш ранҷу умед инҷо,
Ки хунҳо мехӯрад то шир мегардад сафед инҷо.
Модар! Мо ҳамаро аз ту омӯхтем, некиву ҳақиқат, муҳаббату садоқат, дӯстию самимият ва онро бо дил эҳсос намудем, ки бар мо ато кардӣ. Туро дар ҷаҳон танҳо ба замин ташбеҳ доданд ва ӯро Замин - Модар гуфтанд. Оре, мисли замин танҳо ва яктои модар. Чунон, ки боз дар ғазали худ Устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ мегуяд:
Ту монанди замин танҳои, модар,
Ту монанди замин яктои, модар.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки “Рӯзи модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад”. Бале, модар сарчашма ва идомабахши зиндагист, зеро Зан – Модар худ гул ва баҳори зиндагии башар аст. Бузургон гуфтаанд: “Дар хонае Зан-Модар нест, хушӣ ва рушноӣ вуҷуд надорад, бинобар ин, занон шамъу чароғи хонадонанд ва асоси пойдории меҳру муҳаббат дар оила мебошанд. Дар ин маврид яке аз бузургони гузашта барҳақ фармудааст: “Ҳеҷ гуле атр, ранг ва зебоии Модарро надорад”. Ломартин мегуяд, ки “Зан беҳтарин ва охирин тӯҳфаи осмонист”. Дар ҷойи дигар Андре Моруа мегуяд, ки “Зан фаришатаест дар бачагӣ парастори мо, дар ҷавонӣ комдиҳанда, дар пири тасалидиҳанда”. Дар асл, зан чун як олиҳаи ҳусн муқаддас ва беназир мебошад. Ситоиш аз модар ба маънои ситоиш аз ишқ, эмон ва озодагӣ аст.
Дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми зан дар ҷомеа зина ба зина баланд гардида, ҳоло 25 фоизи хизматчиёни давлатиро занон ташкил медиҳанд. Дар солҳои истиқлолият барои таҳсили духтарон шароити мусоид муҳайё карда шуд. Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан натанҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову Шумо мебошад.
Пешвои муаззами миллат азму ирода ва масъулиятшиносии занонро ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа арзиёбӣ карда, дастур доданд, ки онҳо бештар ба корҳои таълимӣ ва роҳбарӣ ҷалб карда шаванд. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкоаниятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд.
Модар, дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ сарчашмаи ҳаёт, равшангари бахту саодат, мунису ғамхор, меҳрубону боиззат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандусту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда мебошад. Бо меҳрубониҳояш ба зиндагӣ таровату ҳусни нотакрор мебахшад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии Модарро ситоиш намуда, гуфтаанд “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бо маърифат меафзояд, пешравӣ босурат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”.
Дар фарҷом занону модаронро бо “Рӯзи Модар” самимона табрику муборакбод гуфта, дар ҷодаи зиндагӣ ва кору фаолияташон ба онҳо комёбиҳои беназир ва хушбахтиҳои бепоёнро орзумандам.
Ҳамду сано ба зан, ба модар, ба чашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар!
Ва барҳақ шоираи оташинсухан Меҳринисо дар васфи Модар гуфтааст:
Модари ҷон, садқаи чашмони раҳбинат шавам,
Ман фидои рӯи нуронии пурчинат шавам.
Хоб мебини, маро, оё ту ин дам модарам,
Кош дар хоби хушат, як лаҳза ҳамшинат шавам
Турахонзода Дилшод,
Сармутахассиси шуъбаи матбуоти
Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон