Модар - фариштаи ҳаёт ва ҳомии зиндагии башар дар рӯи замин!
05 Март 2021, ҶумъаМодар ба истилоҳ вожае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре, ки муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз файзи зан - модар аст ва ӯ ситораи дурахшонест, ки бо нерӯмандии атокардаи Худои мутаол роҳи фарзандро дар тӯли зиндагӣ равшан месозад.
Чуноне, ки шоири маҳбуб Мирзо Турсунзода фармудаанд:
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Норасида бодае дар ҷом мемондем мо
Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон,
Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Дар осори бузургони ҷаҳон нақши зан - модари диловару қаҳрамон, ватандӯсту озодихоҳ, соҳибиродаву рисолатшинос ҷойгоҳи арзанда ва хоса дорад.
Зеро модар натанҳо ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти ӯ хислатҳои накӯтарини инсониро бо шири поки худ ҷой медиҳад.
Бешубҳа такя дар паҳлӯи модар, хоб дар зонуи модар шоҳбайти китоби хотираҳои зиндагист, чуноне, ки фармуда:
Такя дар паҳлуи модарҷон ғанимат будааст,
Хоб дар зонуи модарҷон ғанимат будааст.
Давлати дидори ӯ боре муясар мешавад,
Давлати дидори ӯ бисёр қимат будааст.
Худованд ба зан - модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад.
Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст.
Дили модар чу дарёи равон аст,
Ҷаҳони меҳри модар бекарон аст.
Сано бодо Муҳаммадро, ки гуфтаст:
«Биҳиш зери қудуми модарон аст».
Аз ин лиҳоз, мо вуҷуди муқаддаси зан - модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш карда наметавонем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи аз ҳама муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати зан - модар ва муҳаббати ӯ амалӣ мегардад.
Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғуши гарми модар қимати ӯро дарк менамояд. Барҳақ, ки Лоиқ Шералӣ чунин фармуда!
Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.
Нақши зан - модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад.
Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки волидайн ва махсусан модарон фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта аз ин таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд.
Зан - модар олиҳаест, ки инсонро ба дунё меоварад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад.
Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.
Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.
Имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтихор аз он дорад, ки ба монанди Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имом ал-Бухорӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммад Мӯсои Хоразмӣ, Абӯисои Тирмизӣ, Камолиддини Беҳзод, Сайидои Насафӣ, Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Ширинщоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Эмомалӣ Раҳмон ва садҳо фарзандони фарзона, нобиғагони бузург ва номбардорони миллати худро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати поки худ парваридааст ва онҳоро ба хизмати башарият равона кардааст.
Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба матонату заковати зани тоҷик чунин баҳогузорӣ намудаанд. «Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпарвар, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст».
Мо бояд шукргузори замони осоишта бошем, ки дар ин давра зан - модар бори дигар дар ҷамъияти мо ба мақому манзалати воқеӣ молик гардид. Ӯро ҳамчун ходими намоёни давлатӣ, роҳбару роҳнамои мардум, адибаву муҳандиси номдор, табибу омӯзгори маъруф, коргари ҳунарманду деҳқони асил шинохтаанд.
Дар робита ба ин, хотирнишон бояд сохт, ки бояд қадри модарону бонувонро натанҳо дар рӯзҳои ҷашн гиромӣ дорем, балки дар зиндагии ҳаррӯза ба қадри худфарсоиву ҷоннисорӣ, муҳаббату меҳрубонӣ ва порсоии онҳо расем ва мақоми баландашонро пос дорем.
Дуруд ва ҳамду сано ба модар - фариштаи ҳаёт ва ҳомии зиндагии башар дар рӯи замин!
Сано ба модар - ин олиҳаи меҳру шафқат, раҳнамову раҳбар ва азизи ҳар як хонадон!
Зиҳӣ занону бонувони шарафманд ва шуълаи ишқи ҳаётбахш!
Маҳмадмуродзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод –
узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия