Наврӯзи хусравонии тоҷикон ва пояҳои фарҳангсолории он

20 Март 2021, Шанбе

V. Наврӯз ва истиқлолият
 
Чун дар оғози асри ХХI Парвардигори Худованд бо лутфу карами бениёзи Худ Ҷумҳурии Тоҷикистони биҳиштосоро дар шароити озодӣ ва соҳибихтиёрӣ андаруни ҷаридаи харитаи сиёсии олам бо хатҳои заррин ҷойгузин намуд, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни мондагори тоҷикбунё­ди башарият аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмила­лӣ гирифт. Пас саволе ба миён меояд, ки чӣ таҳаввуле дар шинохти ин ҷашни хусравонӣ дар даврони рушди технологияҳои баланд ба вуқӯъ пайваст, то падидаи тоҷикии Наврӯз шуҳрати ҷаҳонӣ касб намояд?! Ин ҷо чандин омилҳои муассире нуҳуфта аст, ки ошкор наму­да­ни онҳо барои имкониятҳои илми муосир кори чандон мушкиле нест. Зарур он аст, ки хурду калони қишру табақаҳои гуногуни Ватани азиз бояд аз ҷавҳари табъи худододи ниёгони худ дар дуриҳои дури умқи таърихи башарият огоҳ бошанд. Ба назари мо, ин ҷо якчанд омилҳои барозандаи гузаштаи ташаккули Наврӯз нақши меҳварӣ бозиданд:
Якум, соҳибони Наврӯз дар заминаи зиндагии заминии худ муқаррар карда тавонистанд, ки Замин дар атрофи Офтоб дар тӯли 365 рӯз як бор давр мезанад ва ҳар сол ҳангоми чунин гардиш чаҳоряки рӯз ё аниқтараш 5 соату 48 дақиқа захира мешавад. Ҳар чаҳор сол ин соатҳои захирашуда тақрибан як рӯзи комилро ташкил медиҳанд ва соли як рӯзи зиёдатидошта соли кабиса номида мешавад. Ин мушоҳидаҳои ахтар­ши­носӣ барои дуруст тарҳрезӣ кардани фаъолияти кишоварзӣ, муносибат ба муҳити зист, таъсир нарасонидан ба иқлим ва дар ниҳояти кор таъмини амнияти иқтисодию озуқавории бошандагони олами куҳан мусоидат мекард. Баъдтар дар даврони Ҷалолуддин Маликшоҳи салҷуқӣ  як гурӯҳ ситорашиносон гоҳшумории хуршедиро дар асоси фаъолияти расадхонаҳо муайян карданд ва оғози Наврӯзро дар якум рӯзи бароба­рии фасли баҳор собит сохтанд. Ин гоҳшуморӣ бо номи тақвими ҷалолӣ машҳур аст ва барои собит мондани Наврӯз дар оғози баҳор муқаррар намуд, ки ҳар чаҳор сол миқдори рӯзҳои солро ба ҷойи 365 рӯз 366 рӯз дар назар бигиранд. Ин гоҳшуморӣ аз соли 392 ҳиҷрӣ оғоз гардид ва дар айни замон дуруст будани таҷрибаи рӯзгори беш аз шаш ҳазорсолаи ниёгони Наврӯзсиришти моро илман тасдиқ кард.
Дуюм, ойини Наврӯз ба оби равон, захираҳои обӣ ва барфу пирях­ҳои кӯҳӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Зеро бо мафҳуми об зинда­го­нии бофароғат, ободонӣ ва обод кардани деҳу шаҳристону шаҳрҳо тавъам аст. Беҳуда нест, ки фарҳанги Наврӯз дар соҳили дарёҳои Омӯву Сир ва Диҷлаву Фурот ва суннатҳое монанд ба Наврӯз дар соҳили дарёи Нил ташаккул ёфтанд. Дуруст донистани рӯзи оғозини Наврӯз ба­рои муайян кардани сатҳи оби дарё, обхезӣ ва берун андохтани лойи ҳосиловар ба заминҳои шолизори соҳили дарё аҳамият дошт ва ҳосилро афзун мекард. Дар шароити кӯҳсор бошад, мардум аз вазъи боқӣ мондан ё об шудани захираҳои барф обу ҳавои деҳаҳои кӯҳӣ, нигоҳубини боғистонҳо ва парвариши ҳайвонотро ба нақша мегирифтанд. Таҷриба нишон медод, ки ҳисобу китоби дақиқ дар афзун гардидани ризқу рӯзии мардум мусоидат мекард ва ба таъбири имрӯза рушди устувори ҷомеаҳои онвақтаро таъмин мекард. Ҳамин ҷиҳати масъала ба қудсият пайдо кардани падидаи Наврӯз заминаҳои пурарзиш фароҳам сохтааст.
Сеюм, илми муосир аз баландиҳои технологияҳои пешрафтаи худ ин дастовардҳои Наврӯзро ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба поягузорони ин фарҳанги асил эҳтироми махсус қоил гардидааст. Ва ҳар сол дар рӯзи 21-уми март ҳамчун Иди байнал­милалӣ таҷлил гардидани Наврӯз манбаи тафохури миллати тоҷик аст ва моро водор менамояд, ки дар шинохту муаррифии ҳарчи бештари ин ганҷури ниёгон корҳои арзандаи таҳқиқотиро анҷом бидиҳем.
Гоҳо масъалаи таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи хуҷастапай сабаби барангехтани баҳсҳои шадиде байни диндорон, ба хусус пайравони ҷара­ён­ҳои тундгаро бо тарафдорони ҷомеаи шаҳрвандии дунявӣ мегардад. Муносибати булҳавасонаи баъзе намояндагони қишру табақаҳои ҷумҳу­рии мо ба анҷом додани иду маросими динию мардумӣ дар кишварҳои аврупоӣ, арабию туркӣ, эронию афғонӣ ва ҳиндию синдӣ то андозае хусусияти ифротӣ касб кардааст, ки ҳар сол баробари оғози фасли баҳор ба арзишҳои волои миллию фарҳангии Наврӯз ончунон ҳамлаҳои сарсахто­наи иртиҷоӣ ба амал меоранд, ки гӯё мавҷудияти ин ҷашни ниёгони мо ба аркони устувори ислом хатару таҳдид мекарда бошад. Ҳамасола посдорони дину эътиқод ва пуштибонони миллату фарҳанг ҳадди ақалл як бор перомуни ин масъала табодули бефоидаи назару андеша менамоянд. Ва ҳар бор исбот карданӣ мешаванд, ки ин иди мусулмонӣ нест. Дуруст мегӯянд: Наврӯз на танҳо иди мусулмонӣ нест, балки аслан ҷашнест, ки ҳеҷ пайванде бо ҳама гуна арзишҳои динӣ надорад. Гоҳо кор то ҷойе шакли буҳронӣ мегирад, ки бегумон шубҳае ба миён меояд, ки чунин рафтор гӯё хусусияти фармоишӣ ва таъсиргузо­рии беруна дошта бошад. Аламовар он аст, ки то вожгун шудани аморати Бухоро ин ҷашни меросӣ бо тамоми ҷузиёти сазовор ба он таҷлил карда мешуд ва фуқаҳову уламои он даврон ҳеҷ гоҳ забони такаллуми шиква дар масъалаи Наврӯз накушуда буданд. Дар даврони ҳокимияти шӯравӣ дар мушкилтарин шароит ҳам ин ҷашн дар деҳоту шаҳрҳои Тоҷикистон бо содатарин шакл зери номи «Деги дарвешон» ва ё «Дарвешона» баргузор мешуд. Пас, магар дар даврони соҳибистиқлолӣ беҳтар он нест, ки Наврӯзро ҳамчун яке аз куҳантарин ҷашн­ҳои барҷомондае аз даврони бостони ниёгони пурифтихор бо тамоми ҷузиёташ эҳё карда, ба таври писандида ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Охир мо нахуст тоҷик ҳастему пас аз он мусулмон. Ё ба қавли ҳадиси машҳур «А фа ло накуна абдан шакуро» – «Пас чаро бандаи шукргузор набошем», ки чунин ҷашни бостонии мондагор дорем ва он беҳтарин намунаи «дипломатияи фарҳангист»?!
 
Файзулло Баротзода – раиси Комиссия оид ба
одоби вакилони Маҷлиси Намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви фраксияи ҲХДТ

Илова кунед