Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба ҳамгироии системаҳои миллии тандурустии электронӣ дар формати видеоӣ баргузор гардид.

20 Март 2021, Шанбе

Гурӯҳи корӣ бо қарори Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии кишварҳои узви ИДМ бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Беларус таъсис дода шудааст.
Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ намояндагони Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзиданд.
Намояндаи Котибот дар Кумитаи иҷроияи ИДМ Игор Боровко (дар Минск), котиби Комиссияи доимии АП Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон Евгения Владимирова ва котиби масъули Шӯрои коршиносони АП  ИДМ ва Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи коммуникатсия Александр Сурыгин аз Котиботи Шӯрои  АП  ИДМ дар ин чорабини  ширкат варзиданд.
Евгения Владимирова дар баромади худ ба иштирокчиёни маҷлис дар бораи кори комиссия оид ба қонуни намунавӣ "Дар бораи ҳифзи саломатии рақамӣ" маълумот дод. "Тавре ки муҳокима дар ҷаласа нишон дод, чунин қонуни намунавӣ зарур аст" гуфт вай ва аъзои гурӯҳро ба кор дар қонуни намунавӣ ҳамчун коршиносон даъват намуд. Пешниҳод пазируфта шуд.
Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин , вазифаи гурӯҳи кориро оид ба омода намудани "харитаи роҳ" барои ҳамгироии системаҳои миллии тандурустии электронии кишварҳои узви ИДМ эътироф карданд. Дар айни замон, ҳамгироӣ бидуни равишҳо ва форматҳои ягонаи ҳамкории электронӣ ғайриимкон аст, ки ҷорӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маълумотномаро дар назар дорад. Чунин маълумоти меъёрӣ ва истинодӣ, ба ақидаи коршиносон, бояд асоси фазои ягонаи иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ гардад.

Илова кунед