Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу.

29 Март 2021, Душанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд  Човушоғлу  мулоқот намуд.
Дар ҷараёни ин мулоқот масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳои парлумонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Туркия ва дигар соҳаҳо баррасӣ шуд. 
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар оғози мулоқот иброз намуд,ки «-бо камоли эҳтиром ташрифи Шумо ва ҳайати ҳамроҳонатонро ба шаҳри дилорои Душанбе – пойтахти Тоҷикистони азиз хайрамақдам гуфта, ба Шумо дар баргузории нишасти вазирони Қалби Осиё – Раванди Истанбул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдбориҳо таманно менамоям.
Албата баргузории нишасти вазирони Қалби Осиё – Раванди Истанбулро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ мекунам”.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки ба ҳам пайвастани вазирони корҳои хориҷии 15 кишвари узви ин раванд дар ин нишаст ба ҳалли мушкилоти сатҳи минтақавию байналмилалӣ ҳамчун муҳаррик нақши муҳим бозида, муносибати давлатҳои манфиатдорро ба сатҳи сифатан нав роҳандозӣ менамояд.
Парламенти Тоҷикистон доимо дар талош аст, ки ҷиҳати густариши бештари ҳамкориҳо бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия пояҳои қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро таҳким бахшад.
Дар асоси Созишнома оид ба ҳамкории байнипарламентӣ миёни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия аз соли 1998 гурӯҳҳои дустӣ таъсис ёфта, ҳамкории онҳо аз соли 2000-ум ин ҷониб фаъол гардидааст ва дар ин замина ҳамасола вохӯриву мулоқотҳои судманд баргузор мегарданд.
Тавре огаҳед, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи дӯстӣ бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия фаъолият дорад ва аъзоёни ин гурӯҳ дар суҳбати мо иштирок доранд.
“-Мо аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Туркия қаноатманд ҳастем”-афзуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар заминаи тавсеаҳои сатҳи олии ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ таъсис ёфтаас, ки то имрӯз 10 маротиба ҷаласаҳои он баргузор гардидааст.
То ба имрӯз байни ду кишвари дуст зиёда аз  70 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Ҳоло дар баррасии ҷонибҳо пешнависи  24 санади дигар низ қарор доранд.
Шоистаи таъкид аст, ки дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвари дусти Ҷумҳурии Туркия назаррас мебошанд.
Имрӯзҳо Давлати Туркия таҳти роҳбарии хирадмандонаи Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдуғон дар ҳалли мушкилоти байалмилаливу минтақавӣ ва тақвияти робитаҳои созанда бо Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоиста дорад.
Рушди тиҷорату ҳамкориҳои васеи иқтисодию  сармоягузорӣ омили асосии таҳкими муносибатҳои дустона ва шарикии стратегӣ байни кишварҳоямон маҳсуб меёбад.
Воқеан мо тамоми имконотро дорем, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳсозии зерсохторҳои нақлиётию энергетикии дорои аҳамияти минтақавӣ ба маротиб тақвият бахшем.
Ҷониби Тоҷикистон доимо дар талош аст, ки ҳамкориҳоро бо Ҷумҳурии Туркия дар сатҳи шарики стратегӣ таҳким бахшад.
Ниҳоят мехоҳам барои фаъолияти муштарак ҷиҳати таҳкиму тақвияти равобити ду кишвар ва инкишофу шукуфоии ватанамон, ки асли ормонҳои мардуми мост, ба Шумо – ҷаноби вазир арзу сипоси бепоёни худро иброз намоям.

Дар фарҷом ба Шумо сиҳатмандӣ, саодати рӯзгор ва ба мардуми дусту бародари Ҷумҳурии Туркия пешрафт ва шукуфоии беш аз пешро хоҳонам-гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу низ ин мулоқотро барои тақвияти ҳамкориҳои дучониба дар ҳамаи заминаҳо муҳим арзёбӣ кард. 
Ҷумҳурии Туркия ҳамеша ҷонибдори густариши равобит ва ҳамкории судманд дар ҳама соҳаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо инкишофи пайгиронаи ҳамкориҳои иқтисодиро бо Тоҷикистон аз ҷумлаи афзалиятҳои аввалиндараҷа медонем, — гуфт дар анҷоми мулокот вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу.

Илова кунед