Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

29 Март 2021, Душанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот бештар ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Душанбе ва Кобул таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки ҳамкориву муносибатҳо байни кишварҳои мо, ки дар фазои ҳусну ният, созандагӣ, эътимод ва судмандии мутақобила ҷараён доранд, ҷавобгўи анъанаҳои неки чандинасраи дўстиву рафоқати байни ду мардуми ба ҳам бародар мебошанд.
Бояд иброз намоям, ки тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва Сарвари давлати мо ҳамеша дар суханрониҳояшон чӣ дар миқёси байналмилалӣ ва чӣ дар вохўриҳои дуҷонибаи сатҳи олӣ оид ба таъмини сулҳу субот ва амнияти комил дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон даъват менамоянд.
Дар давоми 29 соли муносибатҳо дар ҳошияи татбиқи Аҳдномаи дўстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек мулоқоти президентҳои ду кишвар масъалаҳои муҳим, аз ҷумла дар самти сиёсат, иқтисод, тиҷорат, об, энергетика, саноат, фарҳанг, тандурустӣ, оромии вазъ дар сарҳад ва ҳаллу фасли низои дохилии Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Бахусус сафарҳои кории Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2016 ва 2017 ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд заминаи мусоид фароҳам оварда, муносибатҳои дуҷонибаро дар сатҳи сифатан нав роҳандозӣ намуд.
Умедворам, ки ташрифи навбатии Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам таҳким бахшидани раванди ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Афғонистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Муносибатҳои имрўза миёни кишварҳои мо, ки дар фазои ҳусну ният, созандагӣ, эътимод ва судмандии мутақобила ҷараён доранд, ҷавобгўи анъанаҳои неки чандинасраи дўстиву рафоқати байни ду мардуми ба ҳам бародар мебошанд.
Ба ин манзур ҳамкории сермаҳсули кишварҳои моро дар чорчўбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ низ мебояд таъкид кард.
Дар ин росто Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ, бахусус бо кишвари бародари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути гурўҳҳои дўстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу кишварамон муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад.
Бо ин ҳадаф байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вулуси Ҷиргаи Шўрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гурўҳи дустӣ ташкил карда шуд.
Тавре, ки Шумо огаҳед моҳи гузашта ҳайати парламентии Вулуси Ҷиргаи Шўрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳбарии муҳтарам Мир Раҳмон Раҳмонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд.
Дар ин замина ба мо муяссар гардид, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои байнипарламентиамон ҳусни тозае бахшем.
Дар рушди робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар мулоқоти Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нақши муҳим мебозанд.
Раиси парлумони касбии мамлакат ҳамчунин афзуд, ки то ба имрўз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳафт ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ доир гардидаанд.
Байни Тоҷикистону Афғонистон асоси қарордодиву ҳуқуқӣ сол ба сол тақвият меёбад ва то ба имрӯз беш аз 90 санади ҳамкории дуҷониба, ки соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд, ба имзо расида, мавриди амал қарор доранд.
Қобили зикр аст, ки пагоҳ кори нуҳумин конфронси вазирони корҳои хориҷии 15 кишвари иштирокчии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» дар мавзўи «Таҳкими ҳамраъйӣ барои сулҳ ва рушд» оғоз мегардад, ки дар он Шумо иштирок менамоед.
Итминони комил дорам, ки баргузории конфронси мазкур барои тарғиби субот, сулҳ ва шукуфоӣ дар минтақа, ҳамкории наздики минтақавӣ ва муколамаи сиёсӣ дар самти тавсеаи робитаҳои Афғонистон бо тамоми минтақа нақши калиди хоҳад бозид.
Мо аз ояндаи дурахшони равобити дўстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Афғонистон комилан мутмаинем.
Дар хотима, барои таваҷҷуҳ ва суҳбати пурмуҳтаво ба Шумо, ҷаноби Олӣ изҳори сипос намуда, бароятон сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин ва ба мардуми дусту бародари Афғонистон сулҳу амонӣ, шукуфоии рўзафзун ва дастовардҳои нав ба нав орзумандам.-гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр розӣ ҳастем, ки ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд.

Илова кунед