Маҳмадтоир Зокирзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар мулоқот намуданд

31 Март 2021, Чоршанбе

Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон ва робитаҳои байнипарлумонии ин ду кишвари ба ҳам дӯст, имрӯз дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду густариши муносибатҳо бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки “-Шумо ва ҳайати муҳтарами Шуморо дар ҳошияи нишасти вазирони Қалби Осиё - Раванди Истанбул ба шаҳри Душанбе хайрамақдам мегӯям. Умед аз он дорам, ки нишасти вазирони Қалби Осиё - Раванди Истанбул барои кишварҳои иштироккунанда, бахусус Афғонистон муфид хоҳад буд. Вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайси кишвари бародар ва ҳаммарз ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи мо қарор дорад ва Раванди Истамбулро мо ҳамчун як механизм барои мусоидат намудан ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон ва амнияти минтақавӣ тавассути муколама ва таҳкими эътимод медонем.
Қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва Тоҷикистон аз раванди музокироти сулҳофарӣ маҳсусан аз музокироти сулҳи байни афғонӣ ва баргузории нахустин ҷаласаи Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Афғонистон истиқбол менамояд”.
Истиқрори сулҳ,-гуфт Раиси парлумони касбии мамлакат,- дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа пайомадҳои нек меорад ва то имрӯз Тоҷикистон ба хотири рушди иқтисодиёти кишвари ба мо дусту ҳамсарҳад дар татбиқи чандин лоиҳаҳои муштараки минтақавии марбут баАфғонистон саҳми худро гузоштааст.
Мо нақши мусбии Ҳиндустонро дар кӯмакҳои муассир ба Афғонистон, аз ҷумла сохтмони инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ, муассисаҳои идоракунӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва чораҳои эътимод баланд арзёбӣ менамоем.
Тӯли бисту нӯҳ соли истиқрори муносибатҳои дипломатӣ Тоҷикистон ва Ҳиндустон равобити худро дар доираи ҳусни тафоҳум ва эътимоди байниҳамдигарӣ ба роҳ монда, пояи шартномавию ҳуқуқии худро ба 71 санади  ҳамкорӣ расонидааст.
Имрӯз, мо аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Ҳиндустон қаноатманд ҳастем ва новобаста аз фаъолияти самараноки Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникии Тоҷикистону Ҳиндустон, тааҳҳуди худро ҷиҳати бозҳам густариш ва тақвият додани ҳамкории стратегӣ барои таъмини сулҳу субот, рушду рифоҳи иқтисодии ду кишвар ва минтақа баён менамоем.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин афзуд, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо Ҳиндустон қадр мекунем ва умедворем, ки 30-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустонро дар соли оянда бо баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангии сатҳи олӣ ҷашн гирем.
Аз ин рӯ, мо омодагии худро ҷиҳати истифодаи имконотҳои мавҷуда барои рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, таҷҳизоти электронӣ, дорусозӣ ва биотехнология, нассоҷӣ, абрешим ва маҳсулоти чармин, саноати кӯҳӣ, гидроэнергетика ва энергияи таҷдидшаванда иброз менамоем ва сармоягузорони ҳиндустониро барои сармоягузорӣ дарминтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон даъват менамоем.
Бо мақсади густариши ҳамкориҳо ва робитаҳои байнипарлумонӣ бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.09.2020   байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи Мардумии Парламенти (Лок Сабҳа) Ҷумҳурии Ҳиндустон Гурӯҳи дӯстӣ ташкил карда шудааст.
Дар ин замина  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро ҷиҳати дар тамоси доимӣ қарор гирифтани намояндагони Гурӯҳи дустиро бо Палатаи Мардумии Парламенти (Лок Сабҳа) Ҷумҳурии Ҳиндустон изҳор медорад.
Мутмаинам, ки шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон минбаъд низ бемайлон ба манфиати давлатҳоямон, ба нафъи халқҳоямон ва тамоми минтақа рушд хоҳад кард,-гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода.
Дар мулоқот ҳамчунин аз раванди густариши робитаҳои сиёсию иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун  пешниҳодҳои судманд иброз гардид.

Илова кунед