Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо вазири маорифи Ҷумҳурии Украина
31 Март 2021, Чоршанбе1.04.2021. Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ, Раиси гуруҳи дустии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Украина Шарифҷон Ҳакимзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Сурайё Уроқова бо вазири маорифи Ҷумҳурии Украина Сергей Шкарлет мулоқот намуданд.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки ки сатҳи баланди ҳамкории мутақобила ва шарикии байни Тоҷикистон ва Украина вуҷуд дорад. Ин ҳамкориҳо дар асоси заминаи ҳуқуқӣ ба миён омадаанд ва барои ҳарду ҷониб судманд мебошанд.
Дар асоси Созишномаи дуҷонибаи имзошуда байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Украина аз 9 апрели соли 2003 байни як қатор донишгоҳҳои кишварҳои мо созишномаҳо ба имзо расиданд. Ҳоло дар донишгоҳҳои Украина беш аз 150 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Мутобиқи созишнома, Украина ҳамасола барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Украина 20 стипендияи давлатӣ (квота) ҷудо мекунад. Инчунин, дар доираи барномаҳои минтақавии байналмилалӣ муаллимон ва мутахассисони ҳарду ҷумҳурӣ дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд.
Сиёсати Сарвари давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҷавонон нигаронида шудааст, худи ӯ ташаббускори бисёр чорабиниҳо дар сатҳи давлатӣ мебошад, ки ба рушди илм ва маориф такони ҷиддӣ мебахшанд. Дар партави чунин сиёсат, мо мекӯшем, ки дар самти такмили санадҳои қонунгузорӣ оид ба рушди илм ва маориф ҳамаҷониба кӯмак расонем.
Ҳамчунин дар мулоқот таъкид карда шуд, ки солҳои охир ҳамкории байниминтақавии ду давлат ривоҷу равнақ ёфта истодааст.
Инчунин, ташрифҳои мутақобилаи намояндагони муассисаҳо, доираҳои соҳибкорӣ ва намояндагони корхонаҳои саноатӣ ба Тоҷикистон ва Украина сурат гирифтанд.
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ афзоиш ёфта истодааст. Робитаҳо байни олимони ду давлат тавсеа ёфта истодаанд. Солҳои охир ҳамкориҳо байни Академияи миллии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Украина самаранок густариш меёбад.
Дар айни замон муносибатҳои Тоҷикистон ва Украина тамоюли рушди босуръатро доро буда, ба дурнамои дарозмуддат равона гардидааст.
Зикр карда шуд, ки Тоҷикистон ва Украина инчунин ба густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мутақобилан судманд таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
