Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард

01 Апрел 2021, Панҷшанбе

Шаби 31 март Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ҷаноби Пак Бён Сок бо ҳайати ҳамроҳонаш ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.




Илова кунед