Созишномаҳо ба тасвиб расиданд

07 Апрел 2021, Чоршанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ, маблағгузории иловагии дуюм, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе, лоиҳаи Rонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Rонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён»,  лоиҳаи Rонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Rонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ва  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Масъалаҳои мазкурро ба вакилони мардумӣ масъулини соҳавӣ - вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Шараф, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуғаффор, раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон Шарипов Азизбек, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофизода Мирзоамон ва вакилони Маҷлиси намояндагон Дустмуродзода Сурайё, Ғаффорзода Абдуҳалим, Фаттоҳзода Саидмурод, Тағойзода Сумангул, Шодизода Парвиз, Абдуллоев Мироҷ, Икромов Фазлидин муарифи намуданд.

Дар иҷлосия таъкид карда шуд, ки Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ, маблағгузории иловагии дуюм 15 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Маблағи созишномаи мазкур 15,0 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва аз ҳисоби маблағи гранти захираҳои Фонди махсуси Бонки Осиёии Рушд ҷудо карда мешавад.
Ҳадафи асосии Созишнома сохтмон ва ба истифода супурдани иншооти гидротехникии обтаҳшинкуни бо усули даврави шустани таҳшинҳо дар сарбанди канали Чубек дар нохияи Хамадонӣ мебошад, ки дар натича низоми идоракунии захирахои обӣ, вазъи обёрии минтақа, таъмини афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ба нақшагирии самарабахш дар ҳавзаи дарёи Панҷ, сифатан бехтар мегардад.

Бояд қайд кард, ки андоза ва намуди сохтмони иншооти мавҷудаи обтаҳшинкунӣ бо усули гидравликӣ бо сабабҳои номусоид будани релефи ҷойгиршавии ҳавз, нопурра будани маълумотҳои гидрогеологӣ, баланд ва пастшудани сатҳи дарёи Панҷ ғайриимкон мебошад. Бо усули давравӣ шустани таҳшинҳо дар навбати худ то 68% обро таҳшин менамояд ва дар натиҷа дараҷаи фарсудашавии насосҳои пойгоҳҳои обӣ ва чархаҳои кории онҳо ба маротиб коҳиш меёбад.

Бо дарназардошти афзалиятҳои бо усули даврави тахшин намудани об, таҳлили хусусиятҳои релефи маҳал ва сатҳи дарёи Панҷ, мутахассисони байналмиллалии ширкати лоиҳакаш сохтмони варианти иншооти ин намуди ҳавзро пешниход намуданд, ки аз ҷониби намояндагони Бонки Осиёи Рушд ва Ширкати сохтмони ҷонибдорӣ гардидааст.
Дар иҷлосия аз руи ҳамаи масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.








Илова кунед