Мулоқоти Саидмурод Фаттоҳзода бо роҳбари дафтари барномаҳои саҳа дар Душанбе Валериу Кивер

07 Апрел 2021, Чоршанбе

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе Валериу Кивер мулоқотнамуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманд бо таваҷчўҳ ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоотии ҶумҳурииТоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот Фаттоҳзода Саидмурод омодагии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳи таҳкими ҳамкории муштарак бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, аз ҷумла оид ба рушди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер дар навбати худ изҳор намуд, ки «Дафтари барномаҳои САҲА солҳои зиёдаст, ки мустақиман бо Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва дар маҷмўъ бо Мн МО ҶТ дар самти татбиқи як қатор барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла оид ба рушди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад».
Валериу Кивер инчунин таъкид намуд, ки «Ҳангоми таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе коршиносони сатҳи байналмилалӣ ва ватаниро ҷалб намуда, дар ин самт корҳои зиёдеро оид ба омӯзиши қонунгузории амалкунанда, амалия ва таҳлили муқоисавии қонун ва кодексҳои кишварҳои дигар анҷом дода шуданд».
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин оид ба тарҳрезии дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар сурат гирифт.

Илова кунед