Иштироки Маҳмадтоир Зокирзода дар чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ
15 Апрел 2021, ПанҷшанбеИмрӯз ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки раёсати баргузории онро Раиси Ассамблеяи мазкур, раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко бар ӯҳда дошт. Аъзои Шӯро рӯзномаи онро тасдиқ намуда, ҳамаи масъалаҳои дар он зикршударо баррасӣ ва қабул намуданд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар кори нишасти муштараки ҷаласаи Шӯрои мазкур ба таври реҷаи фосилави иштирок ва суханронӣ намуд.
Маҳмадтоир Зокирзода иштирокчиёни ҷаласаро ба оғози корашон табрик намуда, миннатдории самимонаи худро ба хонум Валентина Матвиенко барои кори фаъолона ва пурсамараш ба ҳайси Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ташкили ин мулоқот изҳори миннатдорӣ намуд.
Раиси парлумони касбии мамлакат ҳамчунин афзуд, ки «-имрӯз мо бо қаноатмандӣ қайд карда метавонем, ки Ассамблея ба як ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ва муассир табдил ёфтааст, ки дар таъмин ва таҳкими заминаи ҳуқуқии рушди равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳод саҳми назаррас дорад”.
Дар ҷаҳони муосир,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода, танҳо якҷоя кардани саъю кушишҳо имкон медиҳад, ки ба мушкилоти мавҷуда ва нав ба қадри кофӣ посух диҳем. Ман таваҷҷӯҳ ва омодагии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои рушду таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва ҳамкории байни кишварҳои узви Иттиҳод тасдиқ мекунам.
Ҳамчунин мо Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-ро ҳамчун платформаи муҳим барои мусоидат ба раванди наздикшави ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии ҷонибҳо мешуморем.
Дар хотима мехоҳам таъкид намоям, ки ҷониби Тоҷикистон рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаро дастгирӣ менамояд. Боварӣ дорам, ки имрӯз мо аз рӯи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома мубодилаи пурсамари афкор хоҳем дошт.
Итминон дорем, ки натиҷаҳои кори якҷояи мо омили тақвияти динамизми иловагӣ ба фаъолияти Шӯрои мо хоҳанд шуд,-гуфт дар анҷоми баромадаш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода .
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин дар кори конфронси байналмилалии парлумонӣ дар мавзӯи "Мушкилот ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ дар заминаи пандемияи COVID-19», «Терроризм ва экстремизми хушунатомез " дар реҷаи фосилавӣ (видеоконференсия) иштирок намуд.
