Семинар-машварат баргузор гардид

16 Апрел 2021, Ҷумъа

Тибқи нақшаи чорабиниҳо,  имрӯз бо ташаббуси Дастгоҳи  Маҷлиси намояндагон,  дар осорхонаи парлумони касбии мамлакат семинар-машварат дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ» баргузор гардид.
Дар назди ҳозирин вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода  баромад намуда, иброз намуд, ки Қонуни мазкур санаи 23 июни соли 2016 қабул шуда аз 5 боб ва 27 модда иборат мебошад.

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд, муроҷиатҳо - ариза, дархост, таклиф, шикояти шахсони воқеи  ва ҳуқуқӣ, ки дар шакли хаттӣ, электронӣ ё шифоҳи ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳод мешаванд.
Равшан Раҷабзода ҳамчунин иброз намуд, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд барои барқарор намудани зарар ва ҷуброни зарари маънавии дар натиҷаи амал (беамалӣ)-и ғайриқонунии мақомоту ташкилоти дахлдор зимни баррасии муроҷиат расонидашуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намоянд.
Дар сурати аз тарафи муроҷиаткунанда дидаву дониста дар муроҷиат нишон додани маълумоти бардурӯғ, хароҷоти мақомоту ташкилоти дахлдор, ки зимни баррасии он сарф шудааст, бо қарори суд аз муроҷиаткунанда рӯёнида мешавад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Таъқиб намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бинобар муроҷиати онҳо ба мақомоту ташкилоти дахлдор вобаста ба танқиди фаъолияти мақомоту ташкилот ё шахсони мансабдору-роҳбарони онҳо ҷиҳати барқарор ё ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ ё ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар манъ аст.
Вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин иброз намуд, ки ҳангоми баррасии муроҷиат бидуни розигии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ифшо намудани маълумоти дар муроҷиат зикргардида инчунин, маълумоти ба ҳаёти шахсӣ ва (ё) фаъолияти шахси ҳуқуқӣ алоқаманд манъ аст. Маълумоти дар муроҷиати хаттӣ дарҷгардида, ки ба мақомоту ташкилоти дахлдор ирсол карда шуда, ҳалли онҳо ба салоҳияти мақомоту ташкилот ва шахсони ваколатдоршуда мансуб аст, ошкор кардани маълумот ба ҳисоб намеравад.
Дар фарҷом вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода ба саволҳои сершумори иштирокчиёни семинар машварат посух гуфтанд.


Илова кунед