Мулоқоти Сафири Япония бо вакилони Маҷлиси намояндагон

22 Апрел 2021, Панҷшанбе

Имрӯз вакилони парлумони касбии мамлакат,  узви Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Парламенти Япония Ҳакимзода Шариф,  Фаттоҳзода Саидмурод,  Абдулхолиқзода Лутфия,  - Назирӣ Гулбаҳор ва Маликзод Парвина бо Сафири фавқуллода ва мухтори Япония  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита мулоқот намуданд.
Дар мулоқот Раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Парламенти Япония Ҳакимзода Шариф таъкид намуд, ки  дар ташаккул ва равнақи муносибатҳои дипломатӣ таваҷҷуҳу эътимод ва  азму сафарҳои расмию давлатӣ ва кории роҳбарони кишварҳо нақши бузургу аввалиндараҷа дорад.
Рӯйдоди муҳим дар муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон ин боздидҳои корӣ ва расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Япония, санаҳои 3-5 октябри 2018 мебошад. Сафари мазкур боиси таҳрики наве, дар  рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония гардид.

Дар пояи ин сафару нишастҳои сатҳи баланд, ки заминаҳои муҳимму боэътимоди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва рушди ҳамкориҳоро дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба вуҷуд овардаанд, сафарҳои расмию кории ниҳодҳои давлатии кишварҳоямон арзи ҳастӣ карданд.
Бо хушнудӣ метавон қайд кард, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро 58 созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.
Гардиши мол байни ду кишвар дар 2019 беш аз 68 млн. доллари ИМА ва дар давоми январ-майи 2020 19,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Вале ҳамаи ин ҳанӯз кофӣ нест, зеро дар кишварҳоямон, алалхусус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, захираву имкониятҳои зиёде вуҷуд доранд, ки метавонанд ба рушди босубот ва равнақи бамаротиб бештари иқтисодии кишварҳоямон мусоидат кунанд.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки  ҳамкориҳои Тоҷикистону Япония дар соҳаи маориф  аз соли 1993 рушд менамояд. Зиёда аз 2250 намояндагони тахассусҳои ҷумҳурӣ то ба ин рӯз дар даврои омӯзишӣ дар Япония иштирок карданд. Махсусан, «Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ» (JDS) дар омодасозии мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисод ва менеҷмент аз соли 2009 инҷониб намунаи беҳтарини ҳамкориҳо байни кишварҳои мост.

Санаи 2 октябри 2020 маросими имзои Ёддошти табодулӣ дар доираи Барномаи «Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» (JDS) дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо иштироки Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Такаюкӣ Мияшита, сурат гирифт, ки санади муҳимми созанда барои ҷонибҳо маҳсуб меёбад.
Тибқи Ёддошти мазкур 15 нафар хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо мекунанд, ки тавассути ин Барнома дар Япония ба давраҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шаванд.
Фаъолияти якумин корхонаи дорусозии муштараки Тоҷикистону Япония– «Аввалин» дар вилояти Хатлон, ки бо иштироки Ширкати саҳҳомии японии «Кокӣ» таъсис ёфтааст, дар рушди робитаҳои иқтисодӣ низ саҳми назаррас мегузорад.
Мусаллам аст, ки самаранокии муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ аз бисёр ҷиҳат вобастагӣ дорад ба парламентҳо ва муносибатҳои байнипарламентӣ.
Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони Парламенти Япония соли 2008 таъсис ёфта, доираи муносиботи худро батадриҷ тавсеа дода истодаанд.

Замони муосир собит месозад, ки тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷонибаи байнипарламентӣ омили муҳимми равнақи муносибатҳои ҳасанаи дипломатӣ ба шумор меравад.
Ин омил метавонад бо табодули таҷриба ва андешаҳои созанда дар доираи густариш додани ҳамкориҳо дар самти қонунофарӣ уфуқҳои наву муосири рушди муносибатҳои дуҷонибаро пайдо карда, дар равнақи босуботи иқтисоди миллии ҷонибҳо ҳиссаи босазо гузоранд.
Умед дорем, ки алоқаҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистону Япония минбаъд низ дар таҳкиму суботи иқтисодӣ, гуманитарӣ ва фарҳангии ҳарду кишвар ва густариш ёфтани алоқаҳои байниминтақавӣ нақши муҳим мебозанд.
Мулоқот дар рӯҳияи якдигарфаҳмӣ ва созандагӣ ҷараён гирифт.

Илова кунед