Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид

26 Апрел 2021, Душанбе

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади ба роҳ мондани усулҳои пешгирикунандаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом таҳия гаштааст.
Ин матлабро  Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баён  намуд.
Эмомалӣ Насриддинзода ҳамчунин иброз намуд, ки мувофиқи тағйироту иловаи пешбинишуда ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти санҷиши фаъолияти нотарилӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва уҳдадориҳои нотариуси давлатӣ мушаххас гардидааст.
Моддаи 1 лоиҳа фарогири 3 қисм буда, тибқи қисми 1 тағйирот ба қисми 6 моддаи 5 доир ба назорат ва санҷиши фаъолияти нотариалӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳа мустақилона ва ё якҷо бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом амалӣ  карда мешавад. Дар асоси қисми 2 лоиҳа дар сархати сеюми қисми 3 моддаи 10 Қонуни амалкунанда калимаҳои «ва маблағгузории терроризм» ба аломат ва калимаҳои «, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда мешаванд. Дар қисми 3 лоиҳа уҳдадориҳои нотариусҳои давлатӣ оид ба амалиётҳои шубҳаноке, ки вобаста ба ҳаҷми калони маблағҳои пулӣ гузаронида мешаванд, иборат буда зимни иловаи нав нотариусҳои давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки оид ба амалиёти аҳдҳои характери молумулкдошта, ки маблағи он баробар ба 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он, инчунин амалиёти аҳдҳо оид ба молу мулки ғайриманқул ва қоғазҳои қиматнок ба маблағи баробар 12500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он иборат бударо ҳатман ба мақоми ваколатдори давлатӣ хабар диҳад.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба моддаҳои 1, 10, 14, 21, 32 ва 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 83 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни баромади масъалаи мазкур Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иброз намуд, ки мақсади таҳияи лоиҳа таъмини иҷрои супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 августи соли 2020, ва аз 28 сентябри соли 2020 бо мақсади истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳҳо, инчунин муайян намудани ваколатҳо лоиҳаи мазкур омода шудааст. 
Вобаста ба тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ҷиҳати бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо назардошти услуби ягона, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо ва мутобиқгардонии онҳо ба моддаҳои 1, 4, 5, 7, 8, 9, 12, 14, 20, 23, 25, 26 Қонуни амалкунанда талаботи дигар санадҳои меъёрии бо роҳи илова ва дар таҳрири нав ифода намудани сархатҳо ва қисмҳои махсус тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният интихоб намудани Одиназода Ҳ.Р.», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Абдусаломзода М.А.», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия интихоб намудани Исмоилиён К.И.» ва  лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб намудани Қосимӣ Ф.» мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Илова кунед