Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетики Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт

27 Апрел 2021, Сешанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода бо  иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, олимону коршиносон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзт муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизи мудаввар оид ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетики Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар назди ҳозирин Рустам Латифзода баромад намуда, иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳифзи гуногунии биологиро дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ фаъолона пеш бурда, дар ҳалли проблемаҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи онҳо ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор тадбирҳои мушаххас меандешад.

Қобили зикр аст, ки дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон як силсила корҳои назаррас оид ба истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ ва захираҳои табиӣ ба анҷом расонида шудаанд. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”, “Дар бораи олами наботот”, “Дар бораи олами ҳайвонот”, “Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам”, Стратегияи миллӣ ва нақшаи амал оид ба нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ барои солҳои 2014-2020, дигар санадҳои меёрии ҳуқуқӣ барои ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ дар сатҳи миллӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи устуворро фароҳам овардаанд.
Дар ин самт Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, Академияи кишоварзии Тоҷикистон ва Маркази гуногунии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои мушаххасро амалӣ намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Аз рӯи масъалаи мазкур, дар назди ҳозирин ҳамчунин вакили Маҷлиси намояндагон Раҳмонзода Зоир баромад намуда, таъкид намуд, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонун, муайян намудани заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳифз ва истифодаи гуногунии захираҳои биологии кишвар, ҳамчунин танзими муносибатҳои байнидавлатӣ вобаста ба муоимлот ва истифодаи устувори онҳо, аз ҷумла дар истеҳсолоти ватанӣ мебошад.

Дар раванди такмили лоиҳаи Қонуни мазкур, ҳамаи таклифу пешниҳодҳои иштирокчиёни мизи мудаввари қаблӣ, ки дар ҳамин толор ва ин чунин дар муҳокимаҳои алоҳида баён гардида буданд, инчунин нуқтаи назари олимони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ нисбати варианти баррасишаванда ба инобат гирифта шудаанд.
Ба варианти баррасишавандаи лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва коршиносони соҳавӣ 41таклифу пешниҳод ирсол гардиданд, ки зимни таҳрир ва такмили лоиҳаи Қонун истифода бурда шуданд.
Бояд қайд кард, ки дар раванди такмили лоиҳаи Қонун пеш аз ҳама талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ» ба инобат гирифта шуданд.
Дар моддаи 1 лоиҳаи Қонуни мазкур 20 мафҳуми асосӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар слайдҳои аз 3 - юм то 10 - ум оварда шудаанд.Ҳамаи ин мафҳумҳодар Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ захираҳои об ва замин бо дар назардошти таклифу пешниҳодҳои қаблан ироа гардида мавриди омўзишу баррасӣ қарор дода шудаанд.
Дар вақти таҳияи Қонуни мазкур, ҳамаи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷуҳурии Тоҷикистон» баинобат гирифта шуда, матни он бо риояи услуби расмии забон такмил дода шудааст,-гуфт дар интиҳо Зоир Раҳмонзода.
Дар фарҷоми мизи мудаввар, баъди саволу ҷавобҳо ба масъулини соҳа ва таклифу пешниҳодҳо аз рӯи масъалаи баррасӣ гардида, қарори дахлдор қабул карда шуд.



Илова кунед